ДУШАНБЕ, 12.09.2020. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмонхонаи «Саразм плаза»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор дода, дар ҳамин ҷо бо кӯдакони ятими кулл мулоқот карданд.
Тавре иттилоъ дода шуд, меҳмонхонаи шашошёна аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Панҷакентсоз» бо пайгирӣ аз иқдомҳои созандаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардида, дар он мутобиқ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ шароит фароҳам оварда шудааст.
Иншоот дорои 24 ҳуҷра буда, дар як вақт метавонад ба 60 нафар хизмат расонад. Тибқи лоиҳа, ошёнаи якуми меҳмонхона дорои қабулгоҳ ва ошхона бо 70 ҷой буда, дар ошёнаи дуюм ҳуҷраҳои олидараҷа ҷой дода шудаанд. Дар дигар ошёнаҳо утоқҳои муқаррарии хобу истироҳат ҷойгир буда, тибқи талабот, ҳамчунин масъулин дар иншооти нав ҳуҷраҳои оилавӣ низ бунёд намудаанд. Дар ҳуҷраҳои оилавӣ ошхонаву ҳаммом ва дигар иншооти ёрирасон дар дохили ҳуҷра ҷойгир мебошанд.
Тамоми утоқҳои меҳмонхона мутобиқ ба талабот муҷаҳҳаз гардонида шуда, барои истироҳату фароғати мизоҷон шароити зарурӣ фароҳам оварда шудааст ва меҳмонон бо хизматрасонии сатҳи баланд фаро гирифта мешаванд.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар меҳмонхонаи наву замонавӣ 15 нафар сокини маҳаллӣ соҳиби ҷойи кори доимӣ гардида, аз курсҳои бозомӯзӣ гузаронида шуданд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин иншооти замонавӣ ба амалӣ гардидани нақшаҳои вобаста ба Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ мусоидат намуда, дар ин баробар талаботи зиёди сайёҳони дохиливу хориҷӣ, ки барои боздид аз мавзеъҳои таърихиву маконҳои зебои шаҳри Панҷакент меоянд, қонеъ карда мешавад.
Дар меҳмонхона гӯшаи алоҳидаи сайёҳӣ ташкил гардида, дар он имкониятҳои сайёҳӣ шаҳри Панҷакент муаррифӣ гардидаанд. Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар шаҳр 12 хатсайри сайёҳӣ ташкил гардида, имконияти васеъ барои равнақ додани туризми аграрӣ, таърихӣ, маърифатӣ ва кӯҳӣ-экологӣ мавҷуд аст.
Дохили меҳмонхонаи «Саразм-плаза» бо санъати баланди меъморӣ зиннат ёфта, девору роҳравҳои он бо нақшу нигори миллӣ оро дода шудаанд.
Меҳмонхона дар хиёбони марказии шаҳр ҷойгир буда, намои берунаи он низ бо назардошти талаботи муосири шаҳрдорӣ зебу оро дода шудааст. Аз ҷумла, атрофи иншоот бо ду фаввора зеб ёфта, ду суҳбаткадаи дигар низ барои меҳмонон бо тарҳи муосир бунёд ёфтааст.
Бо пайгирӣ аз сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи «Панҷакентсоз» дар шафати меҳмонхона майдончаи варзишӣ ва ошхонаи замонавӣ сохта, ҳамчунин барои истироҳату фароғати сокинони шаҳр гулгашти зебову замонавӣ бунёд намудааст.
Зимни боздид Сарвари давлат ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаи роҳандозии хизматрасонии муосир ба сайёҳону меҳмонон ҷалб намуданд.
Роҳбари давлат дастур доданд, ки дар шафати иншоот бинои иловагии меҳмонхона бунёд гардида, ҳамчунин атрофи он бо гулу буттаҳои ороишӣ зиннат дода шавад.
Қобили тазаккур аст, ки иншооти мазкур дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд гардида, дар маҷмӯъ то соли 2021 бояд дар ҳудуди шаҳр 7 меҳмонхона барои қабули сайёҳон сохта ба истифода дода шавад.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 30 нафар кӯдаки ятими кулл мулоқот намуда, ба онҳо сару либос ва дигар ашёи хониш туҳфа намуданд.
Пешвои миллат шарту шароит ва имконоти таҳсилу зиндагии чунин ашхосро зери назорати доимии хеш қарор дода, зимни тамоми сафарҳои корӣ ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо ятимон мулоқот карда, аз ҳолу аҳволи онҳо шахсан бохабар мегарданд.
Барои чунин дастгириву таваҷҷуҳи доимӣ кӯдакон ба Сарвари давлат изҳори миннатдорӣ намуданд.
Пешвои муаззами миллат иброз доштанд, ки Ҳукумати мамлакат тадбирҳои зарурӣ меандешад, то чунин нафарон худро яккаву танҳо ҳис накунанд ва бо беҳтарин шароити зиндагиву таҳсил фаро гирифта шаванд. Таъкид шуд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ниёзмандон, ғамхорӣ дар ҳаққи нафарони яккаву танҳо ва ятимон минбаъд ҳам дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мадди аввал қарор хоҳад дошт.
Роҳбари давлат ба кӯдакону наврасон тавсия доданд, ки шароити фароҳамовардаро самаранок истифода бурда, барои омӯхтани илму дониш саъю талоши бештар намоянд.