ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
марти
2020

Мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Модар

Рӯзи 6 марти соли ҷорӣ дар мақомоти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи Модар» мизи мудаввар баргузор гардид.
Чорабиниро Умед Бобозода — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ намуда, сараввал бонувони мақомотро бо иди Модарон табрик намуданд. Қайд гардид, ки мардуми соҳибфарҳанги мо аз қадимулайём ба қадру мартабаи волои модар арҷ мегузоранд ва ба ҷо овардани ҳурмату эҳтироми ӯ то ба имрӯз яке аз суннатҳои миллии мо ба шумор меравад. Ин аст, ки бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақоми зан дар ҷомеаи мо рӯз ба рӯз боло бардошта шуда, Ҳукумати кишвар вобаста ба таҳкими мақому манзалат ва риояи ҳуқуқи занон дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёт пайваста тадбирҳо меандешад.
Сипас аз ҷониби Давлатов Ҳ. — сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар мавзӯи “Модар — азизтарин шахс дар рӯи замин” маърӯза карда шуд.
Дар маърӯза аз таърихи пайдоиш ва ҷашнгирии рӯзи занон дар саросари ҷаҳон ёдоварӣ гардида, қайд карда шуд, ки ҳуқуқи зан дар санадҳои асосии ҳуқуқии байналмилалӣ аз қабили Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон, паймонҳои байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ  ва оид ба ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ дарҷ гардида, санади байналмилалии махсус яъне Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон қабул гардидааст. Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи ҷаҳонӣ ин санадҳоро ба тасвиб расонида,  қонунгузории миллиро ба онҳо мутобиқ намудааст.
Бинобар ин ҷашни расмии давлатӣ эълон гардидани Рӯзи Модар яке аз иқдомҳои Ҳукумати кишвар баҳри боз ҳам баланд бардоштани мақоми зан – модар дар ҷомеа мебошад.
Сипас дигар иштирокчиёни мизи мудаввар дар мавриди қадру манзалати зан – модар фикру мулоҳизаронӣ карда, бонувони мақомотро бо ин ҷашни пуршукуҳ табрик намуданд.
Дар охири чорабинӣ ба бонувон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардида, У.Бобозода бори дигар онҳоро ба муносибати Рӯзи Модар самимона табрик гуфта, ба аҳли хонаводаи ҳар яки онҳо бахту саодат, ободиву осоиштагӣ ва хушҳоливу хушрӯзиро таманно намуданд.
 миз муд 8 март 2
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal