ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
марти
2020

Пешвои миллат: «Аслу ҷавҳари Рӯзи Модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад»

ДУШАНБЕ, 07.03.2020 /АМИТ «Ховар»/. Маҳз бо  ташаббуси  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 8 март  Рӯзи Модар эълон гардид.  Президенти  мамлакат дар ин  бора  6 марти соли 2009  фармон ба имзо расониданд.
Ҳамасола  Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Рӯзи Модар бо бонувони фаъоли мамлакат мулоқот намуда, онҳоро бо ин рӯз  табрик  менамоянд.
АМИТ «Ховар» аз табрикоти Пешвои миллат   бахшида ба Рӯзи Модар  иқтибос меорад:
«Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ў меомўзад. Ҳар модаре, ки соҳиби саводу дониш ва таҷрибаву ҷаҳонбинӣ мебошад, фарзанди ў ҳам босаводу хушахлоқ ба воя мерасад. Ҳатто сатҳи забондонии фарзанд аз сатҳи забондонии модар вобаста аст, зеро халқ беҳуда нагуфтааст, ки «нотиқ он кас шуд, ки аз модар шунид».
(Аз Паёми табрикӣ ба муносибати Рўзи Модар,  7 марти соли 2011) 
***
«Фаромӯш набояд кард, ки занону модарони тоҷик аз азал хушрӯзгору сариштакор буданд. Хусусан дар солҳои охир, ки бо сабаби буҳронҳои пайдарпайи иқтисодӣ нарху навои молу маҳсулот, аз ҷумла маводи озуқа торафт баланд шуда истодааст, мо набояд бо исрофкорию зиёдаравӣ роҳ диҳем.
Дар хотир бояд дошт, ки исрофкорӣ ношукрӣ аст ва исрофкоронро дини мубини ислом низ маҳкум мекунад.
Мо метавонем маблағҳои сарфашударо барои ободии хонаи худ ва фароҳам овардани шароити беҳтари зиндагӣ барои аҳли оила, таълиму тарбияи фарзандон, бо сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин кардани онҳо сарф намоем.
Мо ба қувваи бузурги занон эътимод дорем ва ба онҳо такя мекунем, ки барои осону сода барпо кардани маъракаҳо саҳми худро гузоранд».
(Аз суханронӣ дар мулоқот бо намояндагони занони мамлакат 6 марти соли 2012)мод ва кудак
***
“Ҳамчунин Ҳазрати Расул дар як ҳадиси худ, ки дар “Васиятнома” — и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ зикр шудааст, мефармоянд: “Накӯӣ кардан ба падару модар афзалтар аз намозу рӯза ва ҳаҷҷу умра дар роҳи Худост”.
 модар 8
Шоир ва орифи бузурги тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ итоат ба волидайн, махсусан эҳтироми модарро муҳимтар ва афзалтар аз ҳама мешуморад ва мефармояд:
Сар зи модар макаш, ки тоҷи шараф,
Гарде аз роҳи модарон бошад.
Ё худ дар ҷойи дигар мегӯяд:
Ҷаннат, ки ризои мо дар он аст,
Дар зери қудуми модарон аст».
(Аз суханронӣ ба муносибати Рӯзи модар  7 марти соли 2013 )
***
«Аслу ҷавҳари Рӯзи модарро муҳаббату самимият, покиву садоқат ва ҳурмату эҳтироми беандоза нисбат ба зан-модар ташкил медиҳад.
Дар сатҳи давлатӣ таҷлил гардидани ҷашни модарону бонувони соҳибэҳтиром нишонаи сари таъзим фуруд овардан назди олиҳаест, ки тамоми ҳастии худро барои офариниши ҳаёти башар ва рушду камоли инсоният сарф менамояд».
(Аз Паёми телевизионӣ ба муносибати Рӯзи модар 7 марти соли 2014)
***
«Модарон ҳамчун чароғи хонадон барои тарбияи фарзанд масъул мебошанд ва танҳо бо меҳру муҳаббат ва сухани нарми онҳо фарзандон дуруст ба камол расида, обрӯи оиларо дар миёни хешу табор, аҳли ҷомеа ва берун аз он баланд мебардоранд.
Модарони азиз! Ба тарбияи фарзандони худ эътибори ҷиддӣ диҳед, онҳоро дуруст ба воя расонед, маърифати оиладориро ба нури чашмонатон хуб таълим диҳед, ба онҳо маданияту одоб омӯзонед, то онҳо беҳтарин ворисони шумо гардида, кишвари моро бо ақлу дониш, фарҳангу маърифат ва ҷаҳонбиниву ҷаҳоншиносии шоистаи худ зеби даврон гардонанд.
Мардуми мо як ҳикмати бисёр содаву зебо ва воқеан ҳаётӣ дорад: модар чӣ гуна, духтар намуна. Яъне духтар тамоми фазилатҳои зиндагӣ, аз ҷумла ҳаёву одоб, тарзи рӯзгордорӣ, ҳунари пухтупаз ва дигар заруратҳои ҳаётиро аз модари худ ёд мегирад.
Инчунин ҳурмату эҳтиром намудани шавҳар ба сифати сарвари оила ва ҳамчун сутуни хонадон нигоҳубину эҳтиёт кардани ӯро ба духтари худ танҳо модар меомӯзонад.
Агар баҳор оғози эҳёи табиат ва зиндагӣ, ибтидои нақшаву ниятҳо ва ташаббусу иқдомоти тоза, омодагӣ ба киштукор ва оғози нави корҳои ободониву созандагӣ бошад, модар худ оғозгари зиндагӣ ва бахшандаи ҳаёт мебошад.
Аз ин рӯ, мо модарро ҳамчун мавҷуди муқаддас дӯст медорем, мақому манзалат, қадру қимат ва ҳурмату эҳтироми ӯро ҳамеша пос медорем.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад».
(Аз Паём ба ифтихори Рӯзи модар 7 марти соли 2016)
***
«Суруди аввалине, ки ба гӯши фарзанд расида, ӯро хоби роҳат мебахшад, аллаи рӯҳнавози модар аст.
Меҳри модари мушфиқу ғамхор барои ҳар як фарзанд аз оғӯши гаҳвора ва айёми тифлӣ оғоз ёфта, ӯро то лаҳзаҳои вопасини умр раҳнамоӣ мекунад ва мадору қувват медиҳад.
Яъне бӯи биҳиштии модар ва лаззати шири поку сафедаш аз машоми фарзанд ҳаргиз зудуда намегардад.
Беҳуда нест, ки гузаштагони хирадманди мо ҳанӯз чанд ҳазор сол қабл ҷашни модарро бо номи «Сипандормуз» таҷлил мекарданд ва ҳар субҳ рӯзи худро бо ниёиши неку хайрхоҳонаи «Дуруд ба зан, дуруд ба мард, дуруд ба зиндагӣ» шурӯъ менамуданд».
(Аз суханронӣ ба ифтихори ба Рӯзи модар 7 мати соли 2017)
***
«Шахс нахустин дарси одамияту худшиносиро аз модар меомӯзад ва тавассути суханони пурҳикмати ӯ соҳиби маърифат мегардад.
Бинобар ин, аввалин омӯзгори беминнати инсон модар буда, ба фарзанд на танҳо сухан гуфтанро меомӯзонад, балки беҳтарин амалу рафтор ва адабу хислатҳои ҳамидаро дар зеҳну шуури ӯ тарбия мекунад.
Аз ин лиҳоз, аксари мутафаккирони барҷастаи гузаштаву муосири олам, аз ҷумла адибони мо хислатҳои ҳамида, бузургӣ ва қудрати азалии модарро ситоиш карда, дар назди мақому мартаба ва нақши беназири ӯ дар зиндагӣ сари таъзим фуруд овардаанд.
Бузургии зан-модар, пеш аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ посдори забон ва таъриху фарҳанги миллӣ мебошад».
(Аз Табрикнома  бахшида ба Рӯзи модар 7 марти соли 2018)
 ***
«Модар, дар ҳақиқат, сазовори ҳама гуна қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс ба шумор меравад.
Мехоҳам бо ифтихор изҳор намоям, ки модарону занон ва бонувони кишвари азизи мо бо рафтори нек, андешаи солим ва маҳорату кордонии худ дар ободиву пешрафти Тоҷикистони маҳбубамон саҳми бузург доранд.
Онҳо имрӯз дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлати соҳибистиқлоламон саъю талош мекунанд.
Нақши занону модарон дар пойдориву устувории оила ва фароҳам овардани фазои орому солим дар хонавода бисёр муҳим мебошад.
Бовар дорам, ки бонувону занони арҷманди мо минбаъд низ ин рисолати муқаддаси худро бо сабру таҳаммули хоси модарони тоҷик иҷро карда, барои тарбияи дурусти фарзандон, ба ҳаёти мустақилона омода кардани онҳо, ҳифзи гармиву баракати хонавода ва мустаҳкам гардидани он ва баланд бардоштани мақоми оила дар ҳаёти давлат ва ҷомеа саъю кӯшиш мекунанд».
(Аз Табрикоти Певои миллат бахшида ба  Рӯзи модар, 7 марти соли 2019)
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal