ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

12
июни
2019

«КӮДАКОН НАБОЯД ДАР САҲРО КОР КУНАНД, ОНҲО БОЯД РӮЙИ ОРЗӮҲОИ ХУД АМАЛ НАМОЯНД»

Бо чунин унвон рӯзи 12 июн соли ҷорӣ бо иштироки мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ бахшида ба «Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак» мизи мудаввар баргузор гардид.

Созмони Милали Муттаҳид 12 июнро ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бо меҳнати кӯдак муайян намудааст ва дар саросари дунё онро бо гузаронидани чорабиниҳои иттилоотӣ қайд менамояд. Ҳар сол аз ҷониби Ташкилоти Байналмилалии меҳнат вобаста ба ин сана мавзӯи асосӣ интихоб мегардад. Вазъи имрӯзаи ҳассоси ҳаёти ҷомеаро ба инобат гирифта, шиори соли 2019 «Кӯдакон набояд дар саҳро кор кунанд, онҳо бояд рӯйи орзӯҳои худ амал намоянд» эълон гардидааст.

Дар мизи мудаввар Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода низ иштирок ва дар мавзӯи меҳнати кӯдак суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ ёдоварӣ карда шуд, ки ҳар як кӯдак ҳуқуқ дорад аз истисмори иқтисодӣ, аз иҷрои ҳар коре, ки ба саломатии ӯ, ба инкишофи ҷисмонӣ, ақлонӣ, маънавӣ ва ахлоқии ӯ зарар мерасонад ё садди роҳи таҳсилоти ӯ мегардад, ҳимоя шавад. Ин муқаррароти Конвенсияи СММ оид ҳуқуқҳои кӯдак аз давлатҳои иштирокчӣ андешидани чораҳои зарурии ҳуқуқӣ, маъмурӣ ва ҳамчунин дар соҳаи таҳсилот андешидани тадбирҳои дахлдорро талаб менамояд.

MOT 2

Ҳамчунин ҷиҳати дар амал татбиқ намудани ин меъёр муқаррар намудани ҳадди ақали синну соли кӯдакон барои ба кор қабул кардани онҳо, меъёри зарурии рӯзи кор ва шароити корӣ, инчунин барои татбиқи босамари ин меъёр пешбинӣ намудани ҷазои муносиб талаб карда мешавад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун иштирокчии фаъоли ин санади муҳими байналмилалӣ ҳифзи ҳуқуқи кӯдакро ба меҳнат кафолат дода, дар сатҳи Конститутсия муқаррар намудааст, ки дар корҳои вазнин, корҳои зеризаминӣ ва шароити меҳнаташон хатарнок истифода бурдани меҳнати кӯдакон манъ аст.

Тарбияи насли наврас, пешгирии истифодаи кӯдакон дар меҳнати вазнин дар сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ЧТ самти афзалиятнок ба шумор рафта, тамоми тадбирҳо барои расидан ба ин ҳадафи иҷтимоӣ андешида мешаванд.

Чумҳурии Тоҷикистон аз замони ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ санадҳои муҳими байналмилалиро, аз ҷумла дар соҳаи меҳнат – Конвенсияи ТБМ №182 "Оид ба манъ кардан ва аз байн бурдани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон", ки соли ҷорӣ ба қабули он 20 сол пур мешавад, Конвенсияи ТБМ №138 "Оид ба синну соли ҳадди ақали ба кор қабул намудан" ва як қатор ҳуҷҷатҳои дигарро дар ин соҳа ба тасвиб расонида, қонунгузории худро ба меъёрҳо ва стандартҳои муқаррарнамуда мутобиқ гардонида, бо дарназардошти ин стандартҳо онро пайваста такмил медиҳад.

Ҳамчунин ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти мазкур ҳуҷҷатҳои дахлдори барномавӣ қабул гардида, амалисозии онҳо бомаром идома дорад. Барномаи миллӣ оид ба барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон дар Тоҷикистон барои солҳои 2015 – 2020, Руйхати корҳо, ки дар онҳо истифода намудани меҳнати кормандони ба синни 18 нарасида манъ аст ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳое, ки барои онҳо дастӣ бардоштан ва кашондан иҷозат дода намешавад, аз қабили ин ҳуҷҷатҳоянд.

Имрӯз дар ҷумҳурӣ масъалаҳои вобаста ба ҳуқуқи инсон дар робита бо Ҳадафҳои рушди устувор баррасӣ мегарданд. Яке аз вазифаҳои ҳадафи 18 ҲРУ "Андешидани тадбирҳои фаврӣ ва самаранок ҷиҳати барҳам додан ва манъи шаклҳои бадтарини меҳнат" мебошад. Дар Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030 ва Барномаи миёнамуҳлати он барои солҳои 2016-2020 тадбирҳои дахлдор барои расидан ба ин ҳадафҳо пешбинӣ шудаанд. Амалисозии ин ва дигар ҳуҷҷатҳои стратегӣ дар кишвар бомаром идома дорад ва ин боиси дастовардҳои назаррас дар самти мазкур гардидааст.

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти ин ниҳод дар самти мазкур иброз намуд, ки ҷиҳати ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ба меҳнат дар доираи салоҳияти муқаррарнамудаи қонун корҳои муайянро анҷом медиҳад, аз ҷумла тавассути мусоидат дар такмили қонунгузорӣ, паҳн намудани иттилоот дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон дар ин самт, ҳамкорӣ бо мақомоти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ, мониторинги риояи ҳуқуқи кӯдак, назорати мустақили иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ ва ғайра.

Ҳифзи иҷтимоӣ, дастрасӣ ба таҳсил ва ба ҳифзи саломатӣ омилҳои муҳими пешгирӣ ва барҳам додани меҳнати кӯдакон аст. Аз ин рӯ, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҷиҳати мусоидат дар таъмини ҳуқуқҳои мазкур таҳлилу мониторингҳо гузаронида, бо вазорату идораҳои дахлдор пайваста ҳамкорӣ менамояд.

Аз байн бурдани меҳнати кӯдакон ҳамкории мақомоти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои байналмилалиро дар ин самт тақозо менамояд ва мувофиқи мақсад аст, ки ин ҳамкориҳо доимӣ бошанд. Ваколатдор дар навбати худ ҷиҳати ҳифз ва пешрафти ҳуқуқи кӯдак барои ҳамкориҳо бо тамоми субъектони ин раванд омода аст.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal