ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

24
майи
2019

МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА «РӮЗИ ҶАВОНОНИ ТОҶИКИСТОН»

Рӯзи 23 майи соли ҷорӣ дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот бахшида ба «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» мизи мудаввар баргузор гардид.

Чорабиниро С. Ҳакимиён – Роҳбари Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, ҳайати кормандон ва махсусан ҷавононро ба ин рӯз табрик намуданд.

Қайд гардид, ки «Ҳукумати Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва беҳдошти фазои қонунии он тадбирҳои муассирро амалӣ карда истодааст. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон қонун, консепсия, стратегия ва дигар санадҳои дахлдор қабул гардидаанд. Ин бори дигар собит месозад, ки Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосӣ ва стратегии фаъолияти худ карор додааст. Бинобар ин ҷавононро зарур аст, ки аз ин имкониятҳо самаранок истифода намуда, баҳри рушди шахсӣ ва ободии ватани азизамон талош намоянд».

Сипас барои иштирокчиёни мизи мудаввар Маҷидов П. – сармутахассиси шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи «Ҷавонон ояндаи миллат» маърӯза намуд.

Зимни маърӯза аз Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ёдоварӣ карда шуд, ки гуфта буданд: “Ҳисси баланди миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ ва садоқати ҷавонони мо ба Ватан, миллат ва обу хоки сарзамини аҷдодӣ гарави амнияту осоиши ҷомеа, пешрафти давлат ва ободии имрӯзу фардои Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.

Дар шароити ҷаҳони пурҳаводиси муосир бисёр муҳим аст, ки ҷавонони мо мисли солҳои 90-уми асри гузашта фирефтаи таблиғоти нерӯҳои ифротгарои динӣ ва бадхоҳони миллати тоҷик нагарданд, ҳамеша зираку ҳушёр ва барои ҳимояи манфиатҳои халқи тоҷик ва давлати тоҷикон омода бошанд”.

Ҳамчунин иштирокчиёни мизи мудаввар оид ба масъалаҳои ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон фикру мулоҳизаҳои худро баён намуданд.

Дар охир С. Ҳакимиён бори дигар ҷавонони мақомот ва дар симои онҳо тамоми ҷавонони Тоҷикистонро табрику таҳният намуда, онҳоро ба расидан ба қадри истиқлолият, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, бедории маънавӣ ва пос доштани арзишҳои миллӣ даъват намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal