ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

16
октябри
2018

САФАРИ ХИЗМАТИИ ГУРӮҲИ КОРИИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА ҲУҚУҚИ ИНСОН БА ШАҲРҲОИ ХУҶАНД, ИСФАРА ВА НОҲИЯИ Б.ҒАФУРОВИ ВИЛОЯТИ СУҒД

Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 9-16 октябри соли 2018 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд сафари хизматӣ анҷом дод.

Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон, таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Б.Ғафуров бо ниҳоди ВҲК ҶТ, инчунин мониторинги фаъолияти Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернат барои кӯдакони кар ва шунавониашон сусти ноҳияи Б.Ғафуров, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарир ва МТМУ №1 ба номи А.С.Пушкини шаҳри Исфара анҷом дода шуд.

Дар доираи сафари хизматӣ ба вилояти Суғд гурӯҳи корӣ бо муовинони соҳавии МИҲД шаҳру ноҳия мулоқотҳои муфид анҷом дода, бо мақсади аз наздик шиносоӣ пайдо намудан бо масъулини соҳаи ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ва табодули афкор намудан дар маҷлисгоҳи МИҲД шаҳру ноҳияи зикргардида бо намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, аз ҷумла масъулини ниҳодҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва ВАО вохӯрӣ гузарониданд.

sugd 2

Дар вохӯрӣ роҳбари гурӯҳи корӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Ҳабибулозода Р. оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Сипас иштирокчиёни вохӯрӣ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар сатҳи ноҳия ибрози назар намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Ҳамчунин зимни сафари корӣ ба вилотяи Суғд аъзои гурӯҳи корӣ ҷиҳати аз наздик шиносоӣ пайдо намудан дар Мактаб-интернати давлатӣ барои кӯдакони имконияташон маҳдуди шаҳри Хуҷанд, Мактаб-интернат барои кӯдакони кар ва шунавониашон сусти ноҳияи Б.Ғафуров, Мактаб-интернати махсуси бачагони қувваи босираашон суст ва зарир ва МТМУ №1 ба номи А.С.Пушкини шаҳри Исфара монитоинги риояи вазъи ҳуқуқи кӯдакон дар муассисаҳои зикргардидаро гузарониданд.

sugd 3

Зимни шиносоӣ бо кормандони муассисаҳои зикргардида, кӯдакон ва модарони онҳо суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати пешбурди фаъолият ба роҳбарияти муассисаҳо тавсияҳои дахлор пешниҳод карда шуданд.

Бояд қайд намуд, ки гузаронидани чунин мониторингҳо дар муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ дар шаҳру ноҳияҳои дигари ҷумҳурӣ низ ба нақша гирифта шуда, вобаста ба натиҷаи онҳо иловатан маълумот пешниҳод карда мешавад.

Қобили қайд аст, ки дар ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара ва ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд ҳамҷониба мусоидат намуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal