ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

10
сентябри
2018

Сафари кории кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ ба ВМКБ

Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва супориши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзҳои 2-8 сентябри соли 2018 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд.

Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи вилоят, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо ниҳоди ВҲК ҶТ анҷом дода шуд.

Дар ин раванд мулоқотҳои судманди гурӯҳи корӣ бо раисони ноҳияҳо ва муовинони соҳавии онҳо гузаронида шуда, бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар маҳалҳои мазкур вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ баргузор гардиданд.

Дар вохӯриҳои мазкур аз ҷумла масъулини шуъбаҳои маориф ва илм, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, мақомоти ҳафзи ҳуқуқ, Комиссия оид ба ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО иштирок намуданд.

Зимни вохӯриҳо дар шаҳру ноҳияҳои зикршуда роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ибрози назар ва табодули афкор намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни вохӯрӣ маводҳои иттилоотӣ оид ба ҳуқуқи кӯдак дастрас карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.

Инчунин бо мақсади тақвият додани фаъолияти комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак зимни вохӯриҳо дар маҳалҳо бо раисон ва котибони комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати таҳти назорати қатъӣ қарор додани қабули кӯдакон дар мактаб-интернатҳо, пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили нашъамандиву нашъаҷаллобӣ, шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, хариду фурӯши одамон, худкушию худсӯзӣ, пешгирии аќдњои никоњи бармањал ва фарњанги оиладорї ва пош хӯрдани оилаҳои чавон
тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.

Зимни сафари корӣ дар шаҳри Хоруғ ва ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти 16 нафар шаҳрвандон мусоидат карда шуд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои зикршуда қаблан оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон муддати як ҳафта тавассути ВАО ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот эълон пахш шуда буд.

Инчунин дар доираи сафари корӣ мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар чанде аз муассисаҳои кӯдаконаи шаҳри Хоруғ ва ноҳияи Ишкошим гузаронида шуданд. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тасмим гирифтааст, ки аз натиҷаи мониторингҳои дар давоми сол амалишуда дар интиҳои сол бо иштироки масъулини соҳа, намоядагони сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ВАО ва ҳамшарикони рушд мизи мудаввар доир намуда, ҷиҳати боз ҳам тақвият додани ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ба вазорату идораҳои дахлдор тавсияҳои мушаххас пешниҳод намояд.

Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Рӯшону Ишкошим ва Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ амалӣ карда шуданд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal