ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

8
майи
2021

ДУШАНБЕ, 08.05.2021 /АМИТ «Ховар»/.  18 май бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пойтахти фарҳангии ИДМ эълон гардидани шаҳри Душанбе ва Рӯзи байналмилалии осорхонаҳо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон таҳти унвони «Шабе дар Осорхона» иқдоми байналмилалӣ баргузор шуда, дар як шаб 30 барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ  пешниҳоди меҳмонон ва иштирокчиён гардонида мешаванд. Дар ин бора сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

29
апрели
2021

Тибқи Барномаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ дар Муассисаи ислоҳии ЯС 3/12 Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби кормандони Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон оид ба вазъи риояи ҳуқуқҳои маҳкумшудагон мониторинг гузаронида шуд.

22
апрели
2021

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода дар доираи иҷрои вазифаҳои худ ва бо мақсади шиносоӣ бо вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон рӯзи 22 апрели соли ҷорӣ аз «Маркази дастгирии оила ва кӯдаки №2»-и  ш.Душанбе дидан намуд.

20
апрели
2021

                 
 
Тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2021 дар доираи амалисозии Стратегияи фаъолияти ВҲИ ҶТ барои солҳои 2021-2025  рӯзҳои 20 - 21 апрели соли 2021 дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №86 ва №11 шаҳри Душанбе аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷалби намоянда аз ташкилоти ҷамъиятии “Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд” дар самти “Ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил” санҷиш гузаронида шуд.

14
апрели
2021

 ДУШАНБЕ, 14.04.2021 /АМИТ «Ховар»/. Хонандаи синфи дуюми муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №5-и шаҳри Норак Алия Қурбоналиева дар Озмуни  байналмилалии адабӣ-бадеӣ бахшида ба 115-солагии шоири кӯдаконаи рус Агния Барто миёни 268 нафар иштирокчиён аз давлатҳои гуногуни ҷаҳон  иштирок намуда, сазовори ҷойи аввал, Дипломи дараҷаи якум ва  роҳхат ба истироҳатгоҳи тобистонаи «Артек» гардид. Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар медиҳад.

Омодакунандаи сомона DarAmal