ш.Душанбе. 09.12.2021. Дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе маросими бошукӯҳи пушидашавӣ ва Галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-“Шукуфаҳои пойтахт” баргузор гардид, ки дар он роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳои давлатӣ, сохторҳои шаҳрӣ, корпусҳои дипломатӣ, созмону ташкилотҳои ҷамъиятиву байналмилалӣ ва кӯдакону наврасон ширкат намуданд.
Дар оғози чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ-“Шукуфаҳои пойтахт”, ки бо дастгирии бевоситаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 6-10 декабри соли ҷорӣ дар пойтахт бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид баҳри таҳким бахшидани муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва наврасони соҳибистеъдоди ҷумҳурӣ ва кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, омӯзиш ва эҳтиром ба таъриху фарҳанг, адабиёту санъат, арҷгузорӣ ба тамаддуни ҳамдигарӣ баргузор шуда истодааст, баҳри муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2021 ва дарёфти истеъдодҳои нави наврас заминаи хуб фароҳам меоварад.
Инчунин таъкид гардид, ки “Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» тӯли чанд рӯз тавонист, ки ҳайатҳои эҷодии кӯдакону наврасонро аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо намояндагӣ аз халқу миллатҳои гуногуни сокини Тоҷикистон, аз ҷумла арманҳову русҳо, туркманҳою узбекҳо ва қирғизҳо бо шумули наврасони эҷодкор аз марказҳои эҷодиву таҳсилоти иловагӣ ва студияву ансамблҳои бачагонаи шаҳри Душанбе, ки дар маҷмуъ зиёда аз 350 нафарро ташкил медоданд сарҷамъ намуда, ба чашнвораи ҳақиқии ҳунару истеъоди насли фардосози кишвар мубаддал гардад.
Дар ин муддат иштирокчиёни Фестивал дар саҳнаҳои гуногуни муассисаҳои фарҳангии пойтахт дар бахшҳои рақсу овозхонӣ, навозандагӣ ва хониши бадеӣ ҳунарнамоӣ намуда, инчунин дар ҷараёни кори Форуми II байналмилалии “Душанбе шаҳри имконоти рушди кӯдакон”, ки субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон доир гардид, ширкат намуданд.
Дар идома ба иштирокчиёни Фестивали байналмилалӣ Ҷоми лауреати Фестивал ва дипломҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар вазъияти тантанавӣ супорида шуд.
Пас аз қисмати расмиву тантанавӣ консерти идона, ки аз ҷониби иштирокчиёни Фестивал омода шудааст, пешниҳоди меҳмонон гардонида шуд.
Галаконсерти иштирокчиёни Фестивал аз суруду тарона ва рақсҳои ҷолибу диданӣ, ки аз ҷониби кӯдакону наврасони соҳибистеъдоду эҷодкори шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Б.Ғафуров, Дустӣ, Лахш, Ванҷ, Турсунзода, Душанбе ва дигар шаҳру ноҳияҳои кишвар омода гардидааст, он бори дигар аз майдони фаррохи муаррифии шоистаи ҳунару истеъдод ва фарҳанги воло доштани имконоти шаҳри Душанбе ба сифати пойтахти фарҳангии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гувоҳӣ дод.
Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил-«Шукуфаҳои пойтахт» имрӯз низ идома ёфта, аз ҷониби иштирокчиёни он дар мактаб-интернати №1 шаҳри Душанбе барои кӯдакони ятиму бепарастор консерти идона доир карда шуд.