ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

9
декабри
2021

“ДУШАНБЕ-ШАҲРИ ИМКОНОТИ РУШДИ КӮДАКОН”: ФОРУМИ ДУЮМИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ

ш.Душанбе. 09.12.2021. Субҳи имрӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Форуми II байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” баргузор гардид. Дар кори он намояндагон аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, роҳбарияти як қатор вазорату идораҳо, созмону ташкилотҳои байналмилалӣ, масъулини сохторҳои шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, сардорон ва мудирони раёсату шуъбаҳои маорифи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияҳои тобеи кишвар, намояндагони васоити ахбори омма ва иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакону наврасони “Шукуфаҳои пойтахт”, ки аз тамоми минтақаҳои кишвар давоми рӯзҳои 6-10 декабри соли ҷорӣ дар пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе қарор доранд, иштирок намуданд.

Дар оғоз ба иштирокдорони Форум видеофилм дар мавзӯйи “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” намоиш дода шуда, сипас дар қисмати расмии он муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ паёми шодбошии Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро ироа намуд. Мавсуф аз ҷумла қайд намуд, ки Форуми дуюми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи татбиқи барномаи байнидавлатии “Душанбе-пойтахти фарҳангии Иттиҳод-2021” ва бахшидаба 30-юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пойдории волоияти қонун, таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, фароҳам овардани имконоти мусоид ҷиҳати инкишофи кӯдакон, мубодилаи таҷриба ва дарёфти усулҳои муосири кор бо кӯдакон, инчунин дар руҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ тарбия намудани насли наврас баргузор гардида, он баҳри муаррифии имконоти шаҳри Душанбе ба сифати маркази ташаккул ва инкишофи кӯдакон мусоидат менамояд. Намояндаи Дастоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронии худ қайд намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба насли наврас ғамхорӣ зоҳир намуда, дар ҳар суханрониҳои хеш таъкид менамоянд, ки “кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат башумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд”.

форум муалима

 

Бо дарки ин масъала ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон, фароҳам овардани шароити мусоиди таҳсил ва зиндагӣ, тарбияи насли солиму бардам ва худшиносу худогоҳ, иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти иҷтимоӣ, дастгирии кӯдакони имконияташон маҳдуд ва ятим аҳамияти аввалиндараҷа дода, мунтазам чораҳои заруриро роҳандозӣ менамояд. Дар назди иштирокчиёни Форуми байналмилалӣ роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Осама Маккавӣ суханронӣ карда, таъкид дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз соли 1993 Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ-ро тасдиқ намуда, дар самти риоя ва ҳифзи ҳуқуқи кӯдак корҳои назаррасро анҷом дода истодааст. Ба иштирокчиёни Форум инчунин паёми маҷозии намояндагони Созмони байналмилалии “Иттифоқи ташкилотҳои пионерӣ-Федератсияи созмонҳои кӯдакона” тавассути видеоролики ҷолибу хотирмон пешниҳод шуд. Дар идома намояндагони вазорату идораҳо ва ташкилотҳои байналмилалии дахлдор бо сухани ифтитоҳӣ ва маърӯзаҳо, аз ҷумла дар мавзӯҳои “Бақайдгирии давлатии таваллуд-кафолати таъмини ҳуқуқи кӯдак”, “Насли солим-сарвати бебаҳо ва ояндаи миллат”, “Душанбе-макони хушбахтии кӯдакону наврасон”, “Оилаи солим-макони тарбияи кӯдакон”, “Имкониятҳои рушди зеҳниву ҷисмонии наврасони Тоҷикистон дар таҳаввулоти ҷомеаи муосир” баромад намуда, аз имконот ва шароити чанд соли охир бо дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ташаббусҳои шаҳрдорӣ, хусусуан Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар пойтахт ба вуҷуд омада, ки ба инкишофи зеҳниву ҷисмонӣ ва равонии насли наврас мусоидат намуда, шаҳри Душанберо ба сифати шаҳри имконоти рушди кӯдакон муаррифӣ менамояд, ёдовар гардиданд. Воқеан мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар партави сиёсати оқилона ва дурандешонаи Пешвои миллат, баҳри расидан ба ҳадафҳои созандаи Ҳукумати кишвар дар тарҳи нақшаву барнома ва дурнамои давлатӣ ба масъалаи таълиму тарбияи кӯдакон ва фароҳам овардани шароити муносиб ба онҳо таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд. Зеро таваҷҷуҳ ба наврасону кӯдакон, ин таваҷҷуҳ ба ояндаи ҷомеа, сармоягузорӣ ба масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдакон ин сармоягузорӣ ба фардои дурахшон мебошад. Дар пойтахт тайи панҷ соли охир сохтаву мавриди истифода қарор гирифтани муассисаҳои таълимиву маърифатӣ, варзишиву солимгардонӣ, фарҳангиву фароғатӣ ва ташкилу дар сатҳи баланд доир намудани озмуну мусобиқа ва фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмилалии кӯдакону наврасон аз иқдому ташаббус ва дастгириҳои пайвастаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ маҳсуб меёбанд. Воқеан ҳам имрӯз Душанбе ба як шаҳре табдил ёфтааст, ки дар он тамоми имконот ҷиҳати рушди кӯдакон фароҳам оварда шудааст. Дар анҷоми Форум миёни иштирокчиён мубодилаи афкори судманд доир гардид.

форум 111

Дар қисмати дуюми кори Форум иштирокчиёни он аз муассисаҳои таълимии типи нави шаҳри Душанбе дидан намуда, бо ҷараёни таълим ва шароиту имконоти таҳсил дар онҳо аз наздик шинос гардида, барои тавсеа бахшидани корҳо атрофи масълаҳои дар ҷараёни кори Форуми дуюми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” баррасӣ гардида, андеша ва таклифҳои ҷолиб баён хоҳанд кард. Ёдовар мешавем, ки шоми имрӯз-9 декабри соли 2021 дар Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ маросими пӯшидшавӣ ва галаконсерти иштирокчиёни Фестивали байналмилалии эҷодиёти бадеии кӯдакон ва наврасони кишварҳои узви ИДМ “Шукуфаҳои пойтахт” баргузор мегардад, ки дар он ҳамаи иштирокчиёни Форуми дуюми байналмилалии “Душанбе-шаҳри имконоти рушди кӯдакон” иштирок менамоянд.

форум 333

 

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal