ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

8
декабри
2021

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ РАСМКАШӢ «ЗОДАГОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ КӮДАКОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 75-СОЛАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ

МАРОСИМИ ҚАДРДОНИИ ҒОЛИБОНИ ДАВРИ НИҲОИИ ОЗМУНИ РАСМКАШӢ «ЗОДАГОНИ ДАВРОНИ ИСТИҚЛОЛ» БАРОИ КӮДАКОНИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БАХШИДА БА 30-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВА 75-СОЛАГИИ ХАЗИНАИ КӮДАКОНИ СММ 
8 декабри соли 2021 дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо иқдоми Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дастгирии Хазинаи кӯдакони СММ бо иштироки Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Бобоҷонзода, муовини Раиси шаҳри Душанбе М.Муинӣ, муовини Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Г.Ғанизода, , Роҳбари ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон У. Маккавӣ маросими қадрдонии ғолибони даври ниҳоии озмуни расмкашии «Зодагони даврони истиқлол» барои кӯдакони шаҳри Душанбе зери унвони  бахшида ба 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 75 - солагии Хазинаи кӯдакони СММ баргузор гардид.
 
264791918 448504536665223 633393848878559721 n
 
 
сурат озмун1
 
Иқдомҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таъмини ҳаёти осоиштаи кӯдакон, таъмин ва риояи ҳуқуқу озодиҳои онҳо, дар руҳияи меҳру муҳаббат ба Ватан ва ҳамчун насли солиму созанда тарбия ёфтани кӯдакон равона гардидаанд. Дар натиҷаи ин саъю талошҳо ҳаёти фарзандони кишвар сол аз сол беҳтару рангинтар мегардад.
 
сурат озмун
 
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бештар аз 40% аҳолиро кӯдакон ташкил медиҳанд ва онҳо мавриди ғамхории давлат қарор доранд. Тоҷикистон ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва иҷтимоӣ таъмини  манфиатҳои беҳтарини кӯдакону наврасон, таъмини некӯаҳволӣ ва инкишофи ҳамаҷонибаи онҳоро яке аз афзалиятҳои муҳими сиёсати давлатӣ арзёбӣ намудааст. Кӯдакон ояндаи ҷомеа мебошанд, таъмини ҳуқуқҳои онҳо ба ҳифзи саломатӣ, рушди солимию чисмонӣ ва равонии онҳо вазифаи аввалиндараҷаи ҳар як давлату ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Озмун бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии  кӯдакону наврасон ва ба ин васила дар замири онҳо тарбия намудани ҳисси ифтихори миллӣ, гиромидошти арзишҳои милливу умумибашарӣ, ҳисси эҳтиром ба ҳуқуқу манфиатҳои кӯдакон ва мавқеи шаҳрвандии онҳо, ташаккули ҷаҳонбинӣ, зебоипарастӣ  ва таҳкими нерӯи эҷодии кӯдакон баргузор гардид.
Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи СММ ва дигар созмонҳои байналмилалӣ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон пайваста талош намуда, бо дар назардошти манфиатҳои миллии кишвар дар самти ҳифз ва пешбурди ҳуқуқи кӯдак ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо сохторҳои СММ аз ҷумла, бо намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
 
сурат голиб
 
Дар маросими қадрдонӣ зикр гардид, ки дар даври ноҳиявии озмуни мазкур 1356 нафар хонандагон дар се гуруҳи синну соли байни хонандагони синфҳои 1-4, 5-8, 9-11 иштирок намуданд. Баъд аз хулосабарории ҳайати ҳакамони даври ниҳоии озмуни расмкашии “Зодагони даврони Истиқлол” барои кӯдакони шаҳри Душанбе тибқи Низомномаи озмуни мазкур вобаста ба гурӯҳҳо (гурӯҳи 1–хонандагони синфҳои 1-4, гурӯҳи 2–хонандагони синфҳои 5-8 ва гурӯҳи 3–хонандагони синфҳои 9-11) аз байни 30 адад корҳои эҷодии пешниҳодгардида, 9 адад расмҳои беҳтарин интихоб гардида, ғолибони озмун муайян карда шуданд.
Гурӯҳи 1: хонандагони синфҳои 1-4: Давлатхоҷаева Муҳайса Абдураҳмоновна - хонандаи синфи 3 Гимназияи №3 шаҳри Душанбе барои хонандагони болаёқат, сазовори ҷои якум, Ҷумаева Шоҳина Шокировна- хонандаи синфи 4 МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои дуюм ва Раҳимов Билол Сатторович хонандаи синфи 4 МТМУ №44-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Гурӯҳи 2: хонандагони синфҳои 5-8: Абдуллоев Шоҳнур Саидакбарович- хонандаи синфи 8 Мактаб-интернати махсуси таҳсилоти асосии №3-и шаҳри Душанбе сазовори ҷойи якум, Саломзода Наима Салимшоҳ - хонандаи синфи 7 МТМУ №17-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои дуюм ва Каримова Мафтуна Аҳтамҷоновна - хонандаи синфи 7 МТМУ № 128-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷои сеюм дониста шуданд.
Гурӯҳи 3: хонандагони синфҳои 9-11: Аҳмадова Нилуфар Эраҷовна - хонандаи синфи 11 МТМУ №30-и ноҳияи Фирдавсӣ сазовори ҷойи якум, Одинаева Шукрона Ҷамшедовна - хонандаи синфи 11 Гимназияи №1 барои хонандагони болаёқати шаҳри Душанбе сазовори ҷои дуюм ва Махкамов Алишер Бахтиерович - таълимгирандаи маҳфили “Расмкашӣ”-и Муассисаи давлатии “Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе” сазовори ҷои сеюм дониста шуда, ҷойҳои якум ҳар кадоме бо маблағи пулии 3 ҳазор сомонӣ, ҷойи дуюм 2 ҳазор сомонӣ ва ҷойи сеюм 1 ҳазор сомонӣ ва ифтихорномаву туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ гардиданд.
 
суранти озм
 
 
Дар баробари ғолибони озмун бо пайравӣ ба сиёсат ва ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат 9 – нафар омузгорони хонандагоне, ки шогирдонашон дар даври шаҳрӣ сазовори ҷойҳои номоён гаштаанд бо мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Озмӯзгорони ғолибони озмун: Аз гурӯҳи синну солии синфҳои 1- 4 - Сафарова Сокина Султоновна. ҷойи якум, Ачилова Зулфия Саъдуллоевна - ҷойи дуюм ва Арусмамадова Азиза Нурмаҳмадовна – ҷойи сеюм. 
Аз гурӯҳи синну солии синфҳои 5-8 Қурбонова Миҷгона Раҷабалиевна ҷойи якум, Ромонова Валентина Анатолевна. ҷойи дуюм ва Қодирова Назирахон Абдураҳимовна - ҷойи сеюм.
Аз гурӯҳи синнусолии синфҳои 9-11 - Ачилова Зулфия Саъдуллоевна. - ҷойи якум, Назарова Гулҷаҳон Искандаровна. – ҷойи дуюм ва Газарян Аида Армиковна. - ҷойи сеюм бо сипосномаҳо, туҳфаҳои хотиравӣ ва ҷоизаҳои пулӣ барои ҷойҳои якум 1 ҳазору панҷсад сомонӣ, ҷойҳои дуюм 1 ҳазор сомонӣ ва ҷойҳои сеюм 500 сомонӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳамзамон, 250 нафар иштирокчии фаъол бо туҳфаҳои хотиравӣ дар мисоли маводҳои расмкашӣ қадрдонӣ гардиданд.
 
макави
 
Бори дигар бояд кайд намоем, ки кӯдакон ҳамчун ояндаи кишвар ва ояндаи миллат мавриди ғамхории махсус ва доимии давлат қарор доранд.
Дар сатҳи Конститутсия муқаррар карда шудааст, ки модару кӯдак таҳти ҳимоя ва ғамхории махсуси давлат қарор дода мешаванд. Ҳамчунин муқаррар шудааст, ки давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, маъюб ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд.
Бо пайравӣ ба ин принсипи конститутсионӣ  таъмини шароити мусоид барои инкишофи мукаммали ҷисмонӣ, равонӣ ва маънавию ахлоқии кӯдак, таъмини эътироф, риоя, эҳтиром ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак ба сифати яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ арзёбӣ гаштааст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак - санади байналмилалие, ки ҳуқуқи кӯдакро ба рушду камолот дар шароити озоду арзанда фаро мегирад, ба тасвиб расонида, тамоми кӯшиши худро ба дарёфти роҳҳои таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак равона кард.
 
вхк
 
ҶТ протоколҳои иловагии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро, ки уҳдадориҳои давлатро оид ба пешгирӣ намудани иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва савдои кӯдакон, фоҳишагӣ ва порнографияи кӯдаконро пешбинӣ менамоянд, ба тасвиб расонид. 
Кафолатҳое, ки Конститутсияи ҶТ ва санади байналмилалии мазкур барои таъмини ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон пешбинӣ намудаанд, дар як қатор санадҳо, аз ҷумла кодексҳои оила, меҳнат, гражданӣ, ҷиноятӣ, қонунгузории соҳаи маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фармонҳои Президенти мамлакат, қарорҳои Ҳукумати ҶТ, Барномаю Стратегия ва Консепсияҳои дар ин самт қабулшуда мушаххас гардонида шудаанд.
 
264678117 448505799998430 7927190198506222905 n
 
Баҳри таҳкими ҳуқуқи кӯдакон, зери ғамхории махсуси давлат қарор додани кӯдакон, дар муҳити оилавӣ таълим ва тарбия ёфтани кӯдакон чораҳои мушаххас андешида шуда, бо ин мақсад санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ гардонида шуданд.
Бо кӯшишҳои пайвастаи роҳбарияти давлат барои беҳтар намудани вазъи риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои  кӯдак чораҳои дахлдор андешида мешаванд. Хусусан дар самтҳои таъмини ҳуқуқҳои кӯдак дар соҳаи маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, таъмини ҳуқуқҳои ятимону бепарасторон, кӯдакони дорои маъюбият пешравиҳо назаррасанд.
 
249763410 448505996665077 1991055782556567153 n
 
Дар охир ба ифтихори ғолибони даври шаҳрии “Озмуни расмкашии “Зодагони даврони истиқлол” барои кӯдакони шаҳри Душанбе аз ҷониби наврасони соҳибистеъдоди Муассисаи давлатии “Маркази кудакон ва наврасони шаҳри Душанбе” барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши иштирокчиён гардонида шуд.
 
265788021 448638273318516 4297755604659427057 n
 
264716376 448505596665117 7626268956528260569 n
 
 
264782281 448505989998411 3317137547996110427 n
 
 
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal