ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2025
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
28 29 30 1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30 31 1

girl boy3

28
августи
2018

Омӯзгорону шогирдони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!
Мактаб барои миллати бостониву тамаддунсози мо парваришгоҳи илму дониш, сайқалгоҳи ақлу хирад ва боргоҳи маърифату адаб ба шумор меравад.

28
августи
2018

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №55-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

26
июли
2018

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба куштори бераҳмонаи тифли панҷсола Ҳувайдо Тиллозода, шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки санаи 22 июли соли ҷорӣ дар шаҳри Серпухови вилояти Москваи ФР ба вуқуъ пайваст ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдаки назди Президенти Федератсияи Россия Кузнетсова А.Ю. муроҷиат намуд.

3
июли
2018

Дар доираи амалисозии Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 рӯзи 29 июни соли 2018 аз ҷониби мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маорифи назди Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзгорони фанни “Ҳуқуқи инсон”-и муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, ки аз минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ барои такмили ихтисос даъват шуда буданд, семинари омӯзишӣ гузаронида шуд.

20
июни
2018

Рӯзи 19 июн дар шаҳри Душанбе дар доираи чорабиниҳо бахшида ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” Форуми кӯдакон оид ба масъалаҳои об баргузор гардид. Мақсад аз баргузории Форуми мазкур таъкид намудани аҳамияти об ва санитария барои кӯдакон ва шунида шудани овози онҳо вобаста ба масъалаи мазкур буд.

Омодакунандаи сомона DarAmal