ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ
3
июли
2026

Мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар

Дар доираи амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ миёни Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 3 июли соли ҷорӣ мулоқоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Умед Бобозода бо Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар хонум доктор Марям бинти Абдуллоҳ Ал-Атийя доир гардид.

 

 Дар рафти мулоқот тарафайн натиҷаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди арзёбӣ қарор дода, доир ба амалисозии Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, таҳкими иқтидори институтсионалӣ, рушди механизмҳои миллии ҳифзи ҳуқуқи инсон, табодули таҷриба дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, фаъолияти маърифатӣ, таҳқиқотӣ ва мониторингӣ, инчунин баргузории чорабиниҳои муштарак, омӯзишҳо ва сафарҳои таҷрибаомӯзиро андешаронӣ намуданд.

Зимни мулоқот ба масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла шабакаҳои минтақавӣ ва ҷаҳонии ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон, таваҷҷуҳи хосса зоҳир гардид. Ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи ҳамкориҳои судманд ва татбиқи босамари нақшаҳои муштарак иброз доштанд.

Дар фарҷоми мулоқот таъкид гардид, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Давлати Қатар дар соҳаи ҳуқуқи инсон дар асоси эҳтироми мутақобила, эътимод ва шарикии созанда минбаъд низ густариш ёфта, ба таҳкими ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳанд кард.

Сафари хизматии Раиси Кумитаи миллӣ оид ба ҳуқуқи инсон Давлати Қатар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун қадами муҳим дар роҳи таҳкими муносибатҳои дӯстона ва рушди ҳамкориҳои касбии байни ду ниҳоди миллии ҳуқуқи инсон арзёбӣ гардида, барои татбиқи самараноки Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ заминаи мусоид фароҳам овард.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal