18 - 19-уми июни соли 2026 дар шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон саммити байналмилалии омбудсменҳо дар мавзӯи «Ҳуқуқи инсон дар асри зеҳни сунъӣ: имкониятҳо, хатарҳо ва масъулиятҳо» доир гардид, ки дар он муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода иштирок намуд.
Дар саммит омбудсменҳо ва коршиносони зиёда аз 30 кишвар, намояндагони ниҳодҳои миллии ҳуқуқи инсон, созмонҳои байналмилалӣ ва мақомоти давлатӣ барои табодули афкор оид ба таъсири зеҳни сунъӣ ба ҳуқуқи инсон, чолишҳои ахлоқӣ ва масъулият дар оянда гирд омаданд.
Дар ифтиттоҳи расмии чорабинӣ, ки баргузории он маҳз дар санаи 18-уми июн - Рӯзи ҳуқуқи инсон дар Ҷумхурии Озарбойҷон рост омад, сараввал муроҷиатномаи Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиев аз ҷониби вазири адлияи ин кишвар, ҷаноби Фарид Ахмедов ба иштирокчиёни саммит расонида шуда, таъкид гардид, ки дар замони муосир рушди босуръати технологияҳои зеҳни сунъӣ вазъи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва ахлоқии башариатро ба таври куллӣ тағйир медиҳад. Ин раванд дар баробари имкониятҳои нав, авлавиятҳои навро дар ҳамаи соҳаҳо, аз ҷумла дар соҳаи ҳуқуқи инсон, рӯзмарра мегардонад.
Зимни чорабинӣ муҳокимаҳои панелӣ доир ба мавзӯъҳои: «Ҳуқуқи инсон дар асри зеҳни сунъӣ: имкониятҳо, хатарҳо ва масъулият», «Ҳифзи ҳуқуқ дар фазои рақамӣ: ҳифзи маълумот, махфият ва мубориза бо паҳнкунии иттилооти бардурӯғ (дезинформатия)», «Таъсири зеҳни сунъӣ ба бозори меҳнат ва шуғл», «Шаффофият, адолат в баробарӣ дар низомҳои зеҳни сунъӣ» ва «Саводнокии рақамӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон» баргузор гардид.
Аз рӯи натиҷаҳои саммит Эъломияи Боку оид ба зеҳни сунъӣ ва ҳуқуқи инсон қабул карда шуд.






