Санаи 24 -уми июли соли 2026 дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандони мақомот мизи мудаввар бахшида ба қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф», ки ба тасвиб расонидани он барои таҳкими қонуният, адолати иҷтимоӣ ва суботи ҷомеа аҳаммияти муҳим дорад, баргузор гардид.
Нахуст муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора чорабиниро ифтитоҳ бахшида, дар баромади худ қайд намуданд, ки бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи таҷлили 29-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли 2026 қабул гардид.
Қабули қонуни мазкур ифодаи сиёсати инсондӯстонаи Пешвои миллат буда, бори дигар ба шахсоне, ки даст ба ҷиноят задаанд, имкон дода мешавад, ки ислоҳ шаванд ва ба назди хешу пайвандон баргашта, пешбурди ҳаёти солимро идома диҳанд.
Таъкид гардид, ки бо мақсади таъмини риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои инсон ва шаҳрванд дар даврони соҳибистиқлолии кишвар то қабули ин қонун 17 маротиба санадҳои марбут ба авф қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 16 июни соли равон 18-умин санаде ба ҳисоб меравад, ки аз ҷониби Роҳбари давлат барои дар амал татбиқ намудани принсипи инсондӯстӣ, бахшидани гуноҳи ашхоси ҷиноятсодиркарда, ба онҳо фароҳам овардани имкони ислоҳшавӣ, бозгашт ба ҷомеа ва дастгирии гурӯҳҳои осебпазир, ба имзо расидааст.
Дар чорабинии мазкур Нозимзода Баҳриддин Раҳим – сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои сиёсӣ ва шаҳрвандӣ дар мавзӯи “Иқдоми навбатии сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат дар самти арзишҳои инсондӯстӣ ва раванди татбиқи амалишавии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф”, Низомов Абдуҳалим – муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдак дар мавзӯи “Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авф” ва татбиқи он нисбати ноболиғон” ва Ҳамидова Ҳабиба - роҳбари Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар мавзӯи “Қонуни авф таҷассумгари сиёсати башардӯстонаи Пешвои миллат” маърӯза намуда, оид ба саҳми беназир ва хизматҳои шоистаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду нумуи ватани азизамон ибрози назар намуданд.
Дар фарҷоми мизи мудаввар муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон –Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора ёдрас намуданд, ки воқеан қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» дар арафаи ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ иқдоми хайрхоҳона ва такмили ҳуқуқи инсон аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, барои шахсоне, ки таҳти татбиқи ин қонун қарор мегиранд, имконият медиҳад, ки аз роҳи ҷинояткорӣ даст кашида, ба меҳнати содиқонаю софдилона машғул шаванд ва ба ҳаёти муқаррарӣ баргарданд.






