Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - М. Бобоҷонзода ва муовини сардори шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Низомов А.Б., оид ба вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Литсейи касбии махсуси назди ВММША ҶТ, санаи 27 майи соли 2022 боздид ба амал оварданд.
Дар рафти боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарияти муассиса оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, дигар қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода, баъдан бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, хусусан таъминоти онҳо бо маводҳои таълимӣ, ғизо, хобгоҳ, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, ҳамчунин бо шароити кори худи кормандони муассисаи мазкур аз наздик шинос шуд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак кӯдакон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, дар бораи ғамхориҳои давлату Ҳукумат бобати таъмини ҳаёти арзанда ба кӯдакон, таъмини риояи ҳуқуқҳои онҳо суханронӣ намуд.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.