Муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - М. Бобоҷонзода аз Мактаби махсуси ҷумҳуриявии назди ВМИ ҶТ рӯзи 24-майи соли 2022 бо мақсади бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намудани кӯдакон - тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявии назди ВМИ ҶТ аз муассисаи мазкур боздид ба амал овард.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак кӯдакон ва омӯзгоронро бо фарорасии Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, дар бораи ғамхориҳои давлату ҳукумат бобати таъмини ҳаёти арзанда ба кӯдакон, таъмини риояи ҳуқуқҳои онҳо суханронӣ намуд.
Ҳамзамон Ваколатдор аз шароити таълиму тарбия дар муассиса аз наздик шинос шуда, бо кӯдакон сӯҳбати алоҳида доир намуд. Зимни сӯҳбат дар бораи ҳуқуқҳои онҳо ва тартиби муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумот дода шуд.
Зимни боздид Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.