ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

15
апрели
2022

Ифтитоҳи меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” ва мулоқот бо ятимони кулл дар шаҳри Панҷакент

14 апрел Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хиёбони ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакии шаҳри Панҷакент меҳмонхонаи “Панҷакент плаза”-ро ба истифода доданд.


Меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент плаза” дар асоси нақшаи генералии шаҳри Панҷакент аз тарафи соҳибкори маҳаллӣ Далер Ҳамроқулов бо тарҳи муосир ва мутобиқ ба санъати баланди меъмории миллӣ ва унсурҳои шаҳрсозии замони имрӯза сохта шудааст.
Пас аз сохта ба истифода додани меҳмонхонаи “Панҷакент-плаза” 30 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори домӣ таъмин карда шуданд.
Мувофиқи лоиҳа бинои меҳмонхонаи навбунёд аз тахҳона ва 6 ошёна иборат буда, 37 ҳуҷраи люкс ва стандартӣ дорад. Дар меҳмонхонаи навбунёд дар як вақт ба 70 мизоҷ хизмат расонда мешавад. Ин омил ба ҷалби сайёҳони хориҷӣ ба шаҳри қадимаи Панҷакент махсусан Саразми бостонӣ, ки 5500 сол таърих дорад, мусоидат хоҳад кард.
Дар ошёнаи якуми меҳмонхона тарабхона бо 80 ҷойи нишаст ҷойгир мебошад, ки дар он барои меҳмонон хӯрокҳои болаззати миллӣ ва аврупоӣ омода ва пешниҳод мегардад.
Дар меҳмонхона хизматрасонӣ ба мизоҷон ва сайёҳони дохилию хориҷӣ мутобиқ ба сатҳи байналмилалӣ ба роҳ монда мешавад. Барои буду бош ва истироҳати меҳмонон аз қабили ҳаммом, ошхонаи алоҳида, ҳуҷраҳои фароғатӣ ва ғайра мавҷуд аст, ки ин аз бартариятҳои меҳмонхона ба шумор меравад.
Масоҳати умумии бинои меҳмонхонаи замонавии “Панҷакент-плаза” 350 метри мураббаъро дар бар гирифта, ба симои шаҳри Панҷакент зебоӣ зам кардааст. Ҳуҷраҳои меҳмонхона бо лавозимоти зарурии рахти хоб, ҷевон, телевизорҳои замонавӣ ва ғайра таъмин гардида, ба стандарти хизматрасонии ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад.
Бунёди меҳмонхонаи нав бо шароити созгори қабули мизоҷон дар шаҳри Панҷакент, ки дорои имкониятҳои фаррохи сайёҳӣ мебошад, дар оянда барои ҷалби ҷаҳонгардон ба ин шаҳри қадима замина мегузорад.

ятим панчакент


Зимни шиносоӣ бо шароити бино Президенти мамлакат мухтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иқдоми созандаи соҳибкори маҳаллӣ баҳои арзанда доданд.
Пас аз мавриди истифода қарор додани меҳмонхонаи “Панҷакент плаза” Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ятимони кулл мулоқоти самимӣ анҷом доданд.

ятимон 222 панчакент


Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Айнӣ, Кӯҳистони Мастчоҳ, Шаҳристон ва Деваштичи вилояти Суғд, ки бо амри тақдир аз падару модар маҳрум мондаанд, тӯҳфаҳои молӣ ва пулӣ тақдим карданд.

ятимон панчакент

 

ятим 4111 панчакент

ятим 111 панчакент

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal