ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
октябри
2021

Ифтитоҳи мактаби “Дурахшандагон” ва маркази хизматрасонӣ дар деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ дар ҷамоати Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров маҷмааи таълимиву хизматрасониро мавриди истифода қарор доданд.

Дар қисми асосии бино мактаби замонавии “Дурахшандагон” таъсис дода шудааст.
Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки бинои таълимии сеошёна бо мақсади фароҳам овардани шароити арзандаи кору фаъолият ба омӯзгорон ва таҳсили хонандагон аз ҷониби соҳибкорони ватандӯст сохта шудааст.

71021 дурахшандагон ху111ч

Муассисаи таълимии “Дурахшандагон” бо дарназардошти талаботи муосири соҳа бо тарҳи зебову замонавӣ барои таҳсили 600 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст.
Корҳои сохтмонӣ моҳи апрели соли 2020 оғоз шуда, иншоотро бинокорони Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “ПМК-27” анҷом додаанд.
Дар мактаб барои таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар беҳтарин шароит муҳайё карда шудааст.
Тавре иттилоъ доданд, дар ин мактаби типпи нав бо мақсади дар сатҳи баланд ба роҳ мондани таҳсилот 24 синфхона, аз ҷумла синфхонаҳои забони русӣ, англисӣ, физика, химия, география ва синфи рассомӣ ҷой дода шудааст.

71021 дурахшандагон ху17781ч

Синфхонаҳои фаннӣ ва утоқҳои корӣ бо маводу лавозимоти муосир, аз ҷумла мизу курсиҳои нав, ҷевон, тахтаҳои электронӣ, маҷмуи компютерҳо, аёнияту таҷҳизоти таълимӣ таъмин гардидааст.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани мактаби мазкур ва имкониятҳои хуби таълимии он, ҳайати 40 нафараи омӯзгорони муассисаи таълимии “Дурахшандагон” имкон пайдо мекунанд, ки сифати таҳсилотро баланд бардошта, хонандагонро аз илмҳои замонавӣ бархурдор намоянд. Ҳамчунин 10 нафар омӯзгорони ботаҷриба аз Федератсияи Русия даъват шудаанд.

71021 дурахшандагон ху119991ч

Соҳибкорони маҳаллӣ дар бунёди чунин иншооти муҳими соҳаи маориф, ки дар самти таълиму тарбияи насли наврас нақши бориз дорад, саҳми арзандаи худро мегузоранд.
Зимни боздид Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, иқдоми созандаи соҳибкорони маҳаллиро шоёни таҳсин хонданд.

71021 дурахшандагон ху11136ч

Саҳну ҳудуди ин боргоҳи наву замонавӣ - мактаби “Дурахшандагон” бо шинонидани дарахтони ороишиву гулҳои мавсимӣ зебою назаррабо гардидааст.
Дар шафати муассисаи таълимӣ аз ҷониби соҳибкорон барои аҳолии ин ҳудуд ҳаммоми замонавӣ сохта шудааст.
Ҳаммом бо тамоми шароити зарурӣ сохта шуда, бо системаи гармидиҳии худ таъмин аст. Хонаи либосивазкунӣ, ҷои оббозии мардонаву занона, хонаи истироҳат ва дигар хуҷраҳои соҳавӣ дар иншооти мазкур ҷой дода шудааст.

71021 дурахшандагон ху122511ч

Бо назардошти афзудани аҳолии деҳоти Хистеварз, бунёди мактаби замонавӣ ва ҳаммому кошонаи хусн муҳиму саривақтӣ дониста мешавад.
Дар ҳаммоми навбунёд 10 нафар бо ҷойи кору маоши хуб таъмин гардиданд.
Пиру барнои ин сарзамин бо шукргузорӣ аз сулҳу суббот ва ваҳдату ягонагӣ ба Сарвари давлат изҳори сипос намуда, илова намуданд, ки дар корҳои ободониву бунёдкорӣ ҳиссаи арзанда мегузоранд.


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal