Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бадридинова рӯзи 18 январи соли 2017 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Муассисаи махсусгардонидашудаи давлатии “Хонаи кӯдакони №1-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе дидан намуд.
Зимни боздид Ваколатдор бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, шароити кори кормандон аз наздик шинос шуд.
Натиҷаи боздид нишон дод, ки дар муассиса барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё шудааст.
Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассиса вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб суҳбат намуда, ба ҳозирин дар бораи ҳуқуқҳои кӯдакон маълумот дод. Дар охир Ваколатдор ба кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.