ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

30
январи
2017

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз "Хонаи кӯдакони синни томактабии №1"-и ш.Душанбе

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Бадридинова рӯзи 26 январи соли 2017 бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз «Хонаи кӯдакони синни томактабии №1»-и Раёсати маорифи ш.Душанбе дидан намуд.

Зимни боздид ВҲК нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои ВҲК, дигар қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҶТ маълумот дода, баъдан бо шароити зисти кӯдакон, таъминоти онҳо бо ғизо, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, инчунин шароити кори худи кормандони муассиса аз наздик шинос шуд.

26.01.2017 2

Ҳангоми боздид маълум гардид, ки дар муассиса барои кӯдакон шароити хуби нигоҳдорӣ муҳайё буда, аз ҷониби давлату Ҳукумати ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ва шахсони алоҳидаи хайрхоҳу эҳсонкор пайваста таваҷҷӯҳ зоҳир мегардад.

Чуноне, ки роҳбари муассиса қайд намуд, тибқи низомномаи муассиса дар хонаи кӯдакон ба ғайр аз кӯдакони ятими кулл ва нимятим кӯдакон аз оилаҳои камбизоат низ ба мӯҳлати то 6 моҳ бо таълими томактабӣ фаро гирифта мешаванд ва дар таҷриба ҳолатҳое ҷой доранд, ки баъзе падару модарон ва шахсони онҳоро ивазкунанда аз аҳволи фарзандони худ муддатҳои тӯлонӣ хабар намегиранд.

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуд, ки вобаста ба масъалаи зикргардида гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» дар байни аҳолӣ зарур аст.

26.01.2017 3

Ҳамчунин Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо ҳайати роҳбарон ва кормандони муассисаи зикргардида вохӯрда, оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, ӯҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.

Дар охир ВҲК ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори миннатдорӣ намуд.

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal