ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

2
феврали
2017

Боздиди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз "Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим"

Рӯзи 30 январи соли 2017 Р.Бадридинова – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҳлили вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон аз Муассисаи давлатии таҳсилоти умумии асосии «Мактаб-интернати №1 барои кӯдакони ятим»-и ш. Душанбе боздид ба амал овард.

Дар рафти боздид ВҲК нахуст ба роҳбарияти муассиса оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», салоҳият ва ваколатҳои ВҲК, дигар қонунгузории амалкунанда дар самти ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон дар ҶТ маълумот дода, баъдан бо шароити таълиму тарбияи кӯдакон, хусусан таъминоти онҳо бо маводҳои таълимӣ, ғизо ва хобгоҳ, муносибати кормандони муассиса бо кӯдакон, ҳамчунин бо шароити кори худи кормандони муассисаи мазкур аз наздик шинос шуд.

Зимни боздид ва сӯҳбат бо роҳбарияти муассисаи таълимӣ маълум гардид, ки дар муассиса айни замон 408 кӯдак, ки аз онҳо 34 нафар кӯдакони ятими кулл, 48 нафар бемодар, 234 нафар бепадар ва 92 нафар аз оилаҳои камбизоат ба таҳсил, таълим ва тарбия фаро гирифта шудаанд.

Барои кӯдакон шароити хуби таълимию нигоҳдорӣ аз қабили синфҳои муҷаҳҳаз бо техникаи ҳозиразамон, гарму барҳаво, хӯроки гарм ва хобгоҳ, муаллимон, мураббиҳо ва духтури соҳибтахассус таъмин карда шудааст.

01.2017

Ғайр аз ин аз ҷониби роҳбарияти муассиса пас аз хатми Мактаб-интернат ба кӯдакон барои дохил шудани онҳо ба коллеҷу техникумҳои касбомӯзӣ аз рӯи имконият ва хоҳиши онҳо кӯмак карда мешавад.

Дар зимн Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қайд намуданд, ки гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ доир ба талаботҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» барои падару модарон ва шахсони парастор мувофиқи мақсад аст.

Ҳамчунин ВҲК оид ба ғамхории Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кӯдакони ятиму бепарастор ва маъюб, ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон, уҳдадории кормандони муассиса ва масъулияти падару модарон маълумоти муфассал дод.

Дар охир роҳбарият ва кормандони Мактаб-интернат ба ВҲК барои зоҳир намудани таваҷҷӯҳ нисбати кӯдакон, муаллимон, ҳамкориҳои минбаъда ва тавсияҳои ироашуда изҳори миннатдорӣ баён карданд. Дар навбати худ ВҲК низ ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кӯдакон изҳори сипос намуд.

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal