Рӯзи 29 декабри соли 2016 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак – Бадридинова Р.Ҳ. дар маросими супоридани диплом ва сертификат ба тарбиятгирандагони ин муассиса иштирок намуд.
Дар чорабинии мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, кормандони масъули Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия, роҳбарият ва ҳайати устодони Муассисаи тарбиявии ЯС 3/12 СРИҶҶ ВА ҶТ, роҳбари Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии хайриявии «Олами Китоб» ва дигарон иштирок доштанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар назди кормандон ва тарбиятгирандагони муассиса суханронӣ намуда, ҳозиринро бо фарорасии Соли нави мелодӣ табрику таҳният гуфта, вобаста ба ҳуқуқу озодӣ ва уҳдадориҳои кӯдакону ҷавонон, хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризму экстремизм, таваҷҷӯҳи махсуси роҳбарияти давлату ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати кӯдакон ва хусусан пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳлати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба эълон шудани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон ибрози назар намуданд.
Дар охир ба тарбиятгирандагони муассиса диплом ва сертификат оид ба хатми курсҳои кӯтоҳмуддат аз рўи ихтисоси «Барномасоз» ва «Сантехник», инчунин тӯҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.