МЕНЮ
24
декабри
2020
|
Тақдими туҳфаҳои солинавӣ ба тарбиятгирандагони Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Душанбе |
Дар арафаи Соли нав гурӯҳи кории амалисозии Барномаи ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати кӯдакон бо мақсади табрикоти тарбиятгирандагон ба Мактаби махсуси ҷумҳуриявӣ ташриф оварданд.
Зимни ташриф ба тарбиятгирандагон туҳфаҳои солинавӣ (либос ва шириниҳо) тақдим намуда, дар бораи ғамхориҳои давлату ҳукумат бо сарварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сӯҳбат намуданд.
Тарбиятгирандагон дар навбати худ барои ҳамаи дастгириҳо ва шароити созгори зисту таълим изҳори сипос намуда, ваъда доданд, ки бо истифода аз шароити муҳайёнамудаи давлат ва Ҳукумати мамлакат таҳсилро бо баҳои хубу аъло идома дода, дар оянда ҳамчун шахси соҳибмаълумоту донишманд ба воя мерасанд ва дар ободониву пешрафти Тоҷикистони азиз саҳми хешро мегузоранд.