ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Май 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
29 30 1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31 1 2

girl boy3

16
декабри
2020

«Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст». Довталабони шаҳри Душанбе дар озмун бо забондонияшон фарқ доранд

ДУШАНБЕ, 15.12.2020 /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи нуҳум аст, ки  дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ҷараён дорад. Дар рӯзи нахустини озмун намояндагони вилояти Бадахшон, дар рӯзҳои дуюму сеюм довталабони вилояти Суғд, рӯзҳои чоруму панҷум намояндагони вилояти Хатлон, рӯзи шашум ва ҳафтум довталабон аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ва рӯзҳои ҳаштуму нуҳум довталабони шаҳри Душанбе баромад доранд.
 
 
Ба андешаи аъзои ҳакамон, довталабони шаҳри Душанбе бо забондонияшон аз дигар иштирокчиёни озмун фарқ мекунанд.
 
Раиси аъзои ҳакамон дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адабиёти ҷаҳон» Муртазо Зайниддинзода гуфт, «як хонандаи синфи 8-ум аз шаҳри Душанбе дар озмун баромад кард, ки мавсуф донандаи чор забон аст, нутқи бурро дорад, озодона аз забони англисӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума мекунад. Ин довталаб ҳатто намунаи китоби  тарҷума намудаашро ба ҳакамон пешниҳод кард. Ҳамин гуна чанд нафари дигарро дидем, ки ровиёни хуб ҳастанд, ҳам бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ шеърро бисёр хуб қироат мекунанд, вале ин маънои онро надорад, ки донандаи забонҳои хориҷӣ дар дигар шаҳру навоҳӣ нестанд, ҳастанд, мо бо онҳо бисёр вохӯрдем, вале шумораи донандагони забонҳои хориҷӣ миёни довталабони шаҳри Душанбе зиёдтар ба назар мерасад».
 
Аз М. Зайниддинзода оид ба мушкилу камбудиҳо пурсон шудем. Дар шарҳи ин савол мавсуф чунин гуфт: «Бархе довталабоне буданд, ки одитарин талаботи низомномаро намедонистанд, ҳатто китобҳоеро дар рӯйхаташон ҷой додаанд, ки ба номинатсияи адабиёти ҷаҳон дахл надоранд. Дастрасӣ надоштани довталабон ба адабиёти тавсияшудаи озмун аз дигар мушкилиҳост. Мутаассифона,  на ҳама китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳои мамлакат бо адабиёти зарурӣ таъмин мебошанд, ки ин кори довталабонро каме мушкил кардааст. Ҳастанд довталабоне, ки китобҳои нодирро мутолиа кардаанд, вақте мо мепурсем ин китобро чӣ гуна пайдо кардӣ ва бо  кадом забон мутолиа намудӣ, онҳо мегӯянд аз шабакаи ҷаҳонии интернет дастрас  карда, аксаран бо забони асл китобро мутолиа кардаанд».
 Furug 2020 1
 
 
 
Сарвиноз Саидова намояндаи шаҳри Душанбе буда,  донишҷӯи соли сеюми факултаи забонҳои Осиё ва Аврупои Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аст. Мавсуф соли дуюм аст, ки дар озмун иштирок мекунад ва бо тайёриии ҷиддӣ омада, ният дорад аз озмуни имсола бидуни ҷоиза барнагардад. Зимни суҳбат бо мо ӯ гуфт, ки ҳарчанд тавонист ба саволҳои аъзои ҳакамон фаъолона посух гӯяд, вале камбудияш ин аст, ки дар номинатсияи «Хондан ва аз ёд кардани осори адибони классикии тоҷик» ширкат дошта, дар рӯйхати осораш китобҳои адибони  кам шинохташудае, ба мисли Салими Теҳронӣ, Ҷаҳон Маликхотун ва ғайраҳоро ҷой додааст. Ҳангоми пурсиши доварон намояндагони кадом аср будани адибони мазкурро надонистааст, зеро аз онҳо чандон шинохти хуб надорад ва танҳо чанд ғазали онҳоро аз худ кардааст.
 
Сарвиноз Саидова мегӯяд, ки аз ашъор бештар аз 4300 байт,  114 асар, 422 ғазал ва 500 рубоию дубайтӣ, чандин қасидаву  достонҳоро аз худ кардааст, ки ин талаботи низомномаи озмунро пурра қонеъ мегардонад.
 
untitled.JPG2 .JPG2
 
Ҳадафи асосии Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»  баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолгардонии доираи забондонӣ миёни қишрҳои мухталифи ҷомеа, аз ҷумла, хонандагону донишҷӯёни ҳамаи зинаҳои таҳсилот, инчунин магистрҳо, аспирантҳо, докторантҳо ва шаҳрвандони мамлакат мебошад.
 
Ёдовар мешавем, ки тибқи тақвими муайянгардида имрӯз рӯзи охирини озмун мебошад. Ба иттилои масъулин,  пас аз натиҷагирӣ ғолибон муайян ва бо ҷоизаҳои муқарраргардида қадрдонӣ хоҳанд шуд.
 
Абдураҳими АБДУҚАҲҲОР,
АМИТ «Ховар»

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal