Тибқи Дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №32/10-228 аз 14.02.2019 рӯзҳои 24-26 декабри соли ҷорӣ бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар якҷоягӣ бо Дафтари барномаҳои САҲА дар Душанбе барои шахсони тамоси вазорату идораҳо тренинг гузаронида шуд.
Тренинги мазкур дар доираи татбиқи Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №678 аз 3 декабри соли 2012 тасдиқ шудааст, баргузор гардид.
Тренинг дар мавзӯи «Ҳифзи ҳуқуқи инсон дар низоми СММ» бо ҷалби коршиносони миллӣ баргузор гардида, дар он 18 нафар намояндагони вазорату идораҳои дахлдор иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии тренинг баланд бардоштани савияи дониши шахсони тамоси вазорату идораҳо вобаста ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт.
Дар доираи барномаи тренинг бо истифода аз усулҳои интерактивӣ мавзӯъҳои ҳуқуқ ба баробарӣ ва манъи табъиз, навъҳои табъиз ва ҷиноятҳо дар заминаи бадбинӣ, Шарҳи универсалии даврӣ, Стратегияи миллӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои то соли 2030 ва ғайраҳо мавриди омӯзиши иштирокчиён қарор гирифт.
Ёдовар бояд шуд, ки ин панҷумин тренинг дар доираи татбиқи давраи сеюми Барномаи таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013-2020 мебошад ва баргузории боз як тренинги дигар ба нақша гирифта шудааст.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ