ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

9
апрели
2020

Камол дар оинаи тазкираҳо» — таҳти ин унвон китоби нав ба нашр расид

ДУШАНБЕ, 09.04.2020 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 700-солагии шоири ширинкаломи тоҷик Хоҷа Камоли Хуҷандӣ Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» китоби наверо бо номи «Камол дар оинаи тазкираҳо» нашр намуд. Китоби мазкур аз ҷониби кормандони ҷавони марказ Иззатбек Шехимов ва Зоҳирҷон Юсупов таҳия гардидааст. Дар ин бора хабарнигори АМИТ «Ховар» бо истинод ба маркази матбуоти раиси вилоти Суғд иттилоъ медиҳад.
 
 
Китоби «Камол дар оинаи тазкираҳо» фарогири матолиби сарчашмаҳои асосии шинохти шахсият ва ҷаҳонбиниву шеъри Шайх Камоли Хуҷандӣ буда, барои муҳаққиқон  ва оммаи васеи хонандагони тоҷик нигаронида шудааст. Инчунин дар баробари фарогирии муҳимтарин маълумоти тазкираҳои қадиму муосир дар китоб нақду ашъори шоирро шарҳ ва тавзеҳ додаанд.  Дар китоби мазкур маълумоти сарчашмаҳое, ки дар замони Камоли Хуҷандӣ иншо шудаанд, аз қабили дебочаи девони шоир, китобҳои «Дастуру-л-котиб»-и Муҳаммади Нахҷувонӣ, «Ҷавоҳиру-л-асрор»-и Шайх Озарӣ дар мадди назари аввал қарор гирифтаанд.
 
Ҳамчунин муаллифон ҳаёти норӯшани шоирро баррасӣ ва аз рӯи сарчашмаҳо равшан намуданд. Дар китоб маълумоти 77 сарчашма гирд оварда шудааст.
 
Муассисаи давлатии «Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ» дар назар дорад, ки «Силсилаи китобҳои камолшиносӣ»-ро дар даҳ ҷилд таҳия ва нашр намояд.
 
Ёдовар мешавем, ки ин гуна фарзандони фарзонаи миллат дар саргаҳи сиёсати фарҳангпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо қарор доранд. Бо ташаббуси бевоситаи Сарвари давлат соли равон 700 — солагии Камоли Хуҷандӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ таҷлил мегардад.
 
700 солагии шоири номдор Камоли Хуҷандӣ 12-28 ноябри соли 2019 ба рӯйхати  солгардҳои ЮНЕСКО пазируфта шуд.
 
Мавриди зикр аст, ки нобиғагони тоҷик дар ташаккули илму фарҳанги башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд ва яке аз чунин шахсиятҳо Хоҷа Камоли Хуҷандӣ мебошад. Ин бузургмарди миллат дар арсаи байналмилалӣ мақоми хеле баланд дошта, бешак, шахсияти ҷаҳонӣ мебошад.
 
Камолиддин Абӯаҳмад Муҳаммади Хуҷандӣ, ки бо номи Камоли Хуҷандӣ маъруфу машҳур гардидааст, тахминан солҳои 1319-1320 дар Хуҷанд  таваллуд ёфтааст. Назар ба навиштаи соҳибони тазкира, Камол тақрибан солҳои 1350-60 аз  Хуҷанд  ба нияти ҳаҷ, бо роҳи Хоразм ба Арабистон рафта, дар бозгашт бинобар писанд омадани обу ҳавои Табрез  он ҷо мондааст.
 
Камоли Хуҷандӣ яке аз намояндагони барҷастаи шеъру адаби форсу тоҷик маҳсуб мешавад. Ӯ ҳамчун устоди ғазал дар рушду инкишофи ин жанри адабӣ хизмати шоистае анҷом дода, онро ба пояҳои хеле баланд бардоштааст.
 
Ғазал дар эҷодиёти Камоли Хуҷандӣ мавқеи асосӣ дорад. Ҳарчанд Камол ба жанрҳои дигари шеърӣ низ даст задааст, лекин теъдоди зиёди эҷодиёти ӯро ғазал ташкил медиҳад. Ғаза

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal