ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

6
апрели
2020

Шахсиятҳои таърихӣ - Бобоҷон Ғафуров

Бобоҷон Ғафуров - Қаҳрамони Тоҷикистон, арбоби сиёсию давлатӣ, муаррихи барҷаста, шарқшиноси машҳури тоҷик, доктори илми таърих, профессор, узви пайвастаи АИ Тоҷикистон (1951), узви пайвастаи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ (1968), Ходими хизматнишондодаи илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (1967).
 
Бобоҷон Ғафуров 31 декабри соли 1908 дар рустои Исфисор, ҳоло ноҳияи Ғафурови вилояти Суғд ба дунё омадааст. Дар ташаккули ӯ, чун инсони комилу хоксор, ватандӯст, олими нуктасанҷ оилаи меҳнатдӯст, падараш Сангинов Ғафур деҳқон ва коргари роҳи оҳан (соли вафот 1935) ва хусусан модари маърифатпарвари ӯ шоира Розия Озод (Розия Бойматовна Ғафурова) таъсири мусбӣ расонидаанд. Давраи ҷавонии ӯ дар вазъияте мегузашт, ки ҷараёни сиёсӣ-иртиҷоии туркпарастон (пантуркистҳо) вуҷуд доштани халқи тоҷикро инкор карда, Осиёи Миёнаро ба империяи «Туркияи бузург» пайваст карданӣ буданд. Фаъолияти илмӣ-эҷодии Б.Ғафуров дар шароите оғоз гардид, ки дар афкори ҷамъиятӣ бояд исбот мешуд, ки халқи тоҷик бо меҳнати шоёнаш дар тамаддун аз давраҳои қадим маълум ва машҳур аст.
Бобоҷон Ғафуров cолҳои 1928-1930 шунавандаи курсҳои олии ҳуқуқшиносии ш.Самарқанд ва cолҳои 1931-1935 Институти умумииттифоқии рӯзноманигории ш.Москва буд. Солҳои 1930-1931 дар Комиссариати халқии адлияи ҷумҳурӣ, рӯзномаи «Қизил Тожикистон». Солҳои 1935-1938 ҷонишини муҳаррир, муҳаррири «Қизил Тожикистон» кор кардааст. Солҳои 1938-1941 ба ҳайси аспиранти институти таърихи АИ Иттиҳоди Шӯравӣ таҳсил намуда соли 1941 рисолаи номзади илмро дифоъ намудааст. Аз соли 1941 то 1944 котиби КМ ҲК (б) Тоҷикистон оид ба пропаганда ва агитатcия (ташвиқ ва тарғиб). Аз соли 1944 то соли 1946 вай дар вазифаи дабири дуввум ва аз соли 1946 то 24 майи соли 1956 дар вазифаи нахустин дабири Кумитаи Марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон буд. Дар баробари кори ҳизбӣ Бобоҷон Ғафуров бо фаъолияти омӯзгорӣ ва илмӣ машғул шудааст. Аз соли 1936 то соли 1938 дар Мактаби олии хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон омӯзгори иқтисоди сиёсӣ буд. Аз соли 1939 то соли 1940 дар Донишгоҳи омӯзгории шаҳри Сталинобод таърихи халқҳои ИҶШС-ро таълим медод. Аз соли 1942 то соли 1948 мудири сектори таърихи Институти таърих, забон ва адабиёти шуъбаи тоҷикистонии АИ СССР ва дар соли 1951 аъзои ҳақиқии АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст. Аз соли 1956 то поёни зиндагиаш Б.Ғафуров вазифаи директори Пажуҳишгоҳи шарқшиносии (Фарҳангистони Улуми Иттиҳоди Шӯравӣ) ва сармуҳаррири маҷаллаи "Осиё ва Африка" - ро бар ӯҳда дошт. Бо сарварии Б.Ғафуров Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (1948), Академияи илмҳои Тоҷикистон (1951) ташкил дода шуд.
Устод Бобоҷон Ғафуров - 12 июли соли 1977 дар ш.Москва вафот кардааст, оромгоҳи устод бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон дар саҳни боғи ба номи С.Айнӣ дар ш. Душанбе муқаррар шуда буд.
Ба шарофати некдошти фарзанди баруманди миллат, олими шинохта, донишманди бузург устод Бобоҷон Ғафуров дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳраки Ғафуров ва ноҳияи Ғафуров дар вилояти Суғд номи ӯро доранд.
Соли 1997 Бо қарори Ҳукумати ҶТ ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд номи академик Бобоҷон Ғафуров дода шуд.
Соли 1997 Бобоҷон Ғафуров бо унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон сарфароз шудааст.
Соли 1998 дар ш.Ғафуров вилояти Суғд Осорхонаи ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таъсис дода шудааст.
Якчанд нимпайкараву (назди АИ Тоҷикистон ш.Душанбе ва диг.) хиёбонҳои шаҳру рустоҳо ба номи ӯ сохтаву гузошта шудаанд.
Соли 1998 Ҳукумати вилояти Суғд Нишони ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро таъсис додааст, ки мунтазам барои саҳми арзанда дар соҳаи илму маориф ба ғолибони озмун тақдир карда мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal