МЕНЮ
6
марти
2020
|
«Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор шуд |
ДУШАНБЕ, 05.03.2020. /АМИТ «Ховар»/. 4 март дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Модар таҳти унвони «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» намоиш доир гардид.
Тавре сардори шуъбаи экскурсионӣ ва оммавии Осорхона Фаридун Кенҷаев ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, дар намоиши мазкур беш аз 40 адад асарҳои офаридаи мусаввирон ва ҳайкалтарошони наслҳои гуногуни Тоҷикистон, ки дар фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ ҳифз ва нигаҳдорӣ мегарданд, ба тамошо гузошта шудаанд.
Асарҳои аз ҷониби мусаввирон ва ҳайкалтарошон эҷодшуда нақши зан-модари тоҷикро дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ инъикос менамояд. Аз ҷумла, симои Гуландом Сафаралиева, Майрам Исоева дар нақши Гертруда аз намоиши «Ҳамлет», симои Розия Озод, Зебуниссо Рустамова, Тӯҳфа Фозилова, Гулрухсор Сафиева ва ғайраҳо пешниҳоди тамошобинон гардидаанд.
Намоиши «Симои зан-модар дар асарҳои мусаввирони Тоҷикистон» дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон то 30 март идома меёбад. Дар он беҳтарин асарҳои мусаввирони Тоҷикистон манзури тамошобинон гардидааст.
Тамошобинон ва ҳаводорони ҳунари рассомӣ метавонанд аз ин намоиш дидан намуда, таассуроти баланд бардоранд.