МЕНЮ
2
марти
2020
|
Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2019 таҳия гардиданд |
Тибқи моддаи 24 ва 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маърӯзаҳои навбатии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар асоси таҳлили вазъи воқеии ҳуқуқу озодиҳои инсон, пешрафту дастовардҳо ва мушкилоту норасоиҳои самтҳои алоҳидаи ҳуқуқи инсон дар соли 2019 таҳия ва ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Ҳамчунин Маърӯзаҳо барои дигар мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, ки дар соҳаи ҳуқуқу озодиҳои инсон фаъолият менамоянд ва аҳли ҷомеа пешбинӣ шуда, дар матбуоти чопӣ ва электронӣ нашр карда мешаванд.
Дар маърӯзаҳо фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар соли 2019 натиҷагирӣ карда шуда, вазъи риоя ва таъмини ҳуқуқ ба озодӣ аз шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, ҳуқуқи инсон дар муассисаҳои пӯшида ва қисман пӯшида, ҳуқуқи шаҳрвандон ҳангоми даъват ба хизмати ҳарбӣ ва адои хизмати ҳарбӣ, ҳифзи ҳуқуқи гурезаҳо ва шахсони бешаҳрванд, ҳуқуқ ба муроҷиат, ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот, баробарии гендерӣ ва пешгирии зӯроварӣ дар оила, ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирони меҳнатӣ, ҳуқуқи маъюбон, ҳуқуқ ба саломатӣ, ҳуқуқ ба манзил, ҳуқуқи кӯдак ба таҳсил, ҳифзи саломатӣ, фардият, озод будан аз шаклҳои бадтарини меҳнат ва ҳуқуқҳои кӯдакони бештар осебпазир, аз ҷумла кӯдакони маъюб, кӯдакон дар низоми адолати судӣ ва кӯдакони зери таъсири муҳоҷирати меҳнатӣ қарордошта мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд.
Дар баробари ин, дар маърӯзаҳо таҳлили вазъи риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, мушкилоти ҷойдошта дар қонунгузорӣ ва амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ, ҳуқуқвайронкуниҳо, корҳои анҷомдодашуда доир ба барқарорсозии ҳуқуқҳои халалдоршуда, тавсия ва пешниҳодҳо оид ба роҳҳои ҳалли камбудиҳо ва норасоиҳои мавҷуда баён шудаанд. Хулосаҳо дар асоси муроҷиатҳои шаҳрвандон ва мониторингҳои гузаронидашуда, инчунин иттилооте, ки аз мақомоти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва васоити ахбори омма ба даст омадаанд, пешниҳод карда шудаанд.
Мақсади асосии маърӯзаҳои мазкур ҷалб намудани таваҷҷӯҳи мақомоти ҳокимияти давлатӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба пешрафт ва мушкилоти ҷойдошта дар бахши ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва кӯдак дар Тоҷикистон мебошад. Ҳамчунин, маърӯзаҳо тақозо менамояд, ки мақомоти ҳокимияти давлатӣ масъалаҳои мазкурро мавриди баррасӣ қарор дода, барои бартараф намудани камбудию норасоиҳои мавҷуда дар роҳи татбиқи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ эътироф кардааст, чораҳои мушаххас андешанд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон итминон дорад, ки мақомоти дахлдори давлатӣ дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ҷиҳати амалӣ намудани тавсияҳое, ки дар Маърӯзаҳои солонаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак омадаанд, чораҳои заруриро меандешанд ва дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳм мегузоранд.
Хадамоти матбуотии ВҲИ ҶТ