Фарзандони азиз!
Волидони муҳтарам!
Ҳамватанони гиромӣ!
Бо истифода аз лаҳзаҳои муносиб ва бо эҳсосоти саршори шукргузорӣ аз тинҷиву оромӣ, сулҳу ваҳдати миллӣ ва соҳибистиқлолии Ватани азизамон ҳар яки шуморо бо фарорасии Соли нави мелодии 2020 самимона табрик менамоям.
Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати нуфуси аҳолӣ яке аз ҷавонтарин давлатҳои дунё ба шумор меравад ва аз ин лиҳоз Ҳукумати ҷумҳурӣ ҷиҳати таъмин намудани беҳтарин манфиатҳои кӯдакон пайваста фаъолият менамояд.
Дастовардҳои ҷумҳурӣ дар самти риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак хусусан дар даҳсолаи охир назаррас мебошанд ва ҷаҳони мутамаддин Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун давлате эътироф намудааст, ки роҳи бунёди давлату ҷомеаи демокративу ҳуқуқбунёдро пеша кардааст.
Мусаллам аст, ки ояндаи давлат ва бақои миллат аз сатҳи донишу маърифатнокӣ, худшиносӣ, эҳсоси ватандорӣ ва ифтихори миллии наслҳои даврони Истиқлол вобастагии зич дорад. Чуноне ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии имсолаи худ ба ифтихори Рӯзи дониш қайд карданд, “Арҷ гузоштан ба арзишҳои таърихиву фарҳангии миллати куҳанбунёдамон, аз худ намудани илму дониш, касбу ҳунар, навовариву ихтироъкорӣ ва дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намудани давлату миллат вазифаи муқаддаси шумо – наслҳои замони истиқлолият мебошад”.
Беҳтарин дастовардҳои наврасону ҷавонони ҷумҳурӣ дар озмуну фестивалҳо ва олимпиадаву мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки наслҳои замони истиқлолият вазифаи муқаддаси худро сарбаландона иҷро мекунанд ва онҳо наслҳои сазовор ва ояндасози мо мебошанд.
Дар соли нави 2020 ба ҳамаи шумо саломатӣ ва осмони софу беғубор, файзу баракат дар рӯзгор, эҳсоси гарми ватандорӣ, хушбахтӣ ва комёбиҳои нав ба навро таманно дорам.
Соли наватон муборак бошад!
Бо эҳтиром,
Р. Ҳабибулозода