Бо ибтикори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи 3 декабри соли 2019 дар доираи таҷлили ҷашнҳои 30-солагии Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак ва Ҳафтаи ҳуқуқи инсон вохӯрии кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Раёсати ҳуқуқҳои кӯдаки ВМИ ҶТ бо омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №34-и шаҳри Душанбе баргузор гардид.
Вохӯриро директори МТМУ №34 ифтитоҳ намуда, меҳмононро муаррифӣ ва хайра мақдам намуд. Сипас А. Содиқов ва А. Машрабзода – кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои кӯдакон ибрози назар намуданд. Аз ҷумла, оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Инчунин оид ба дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва хусусан духтарон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, риоя, эҳтиром ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, канораҷӯӣ намудан аз гурӯҳбозӣ, пешгирии зӯроварӣ, никоҳҳои бармаҳал ва худкушӣ, эҳтироми қонунҳои амалкунанда, қоидаҳои дохилимактабӣ, омӯзгорон ва падару модарон изҳори андеша карда шуд.
Ҳамзамон, оид ба сомонаҳои интернетии ВҲИ ҶТ ва ВҲК ҶТ, фаъолияти ниҳоди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумот дода, таъкид карда шуд, ки ҳар як кӯдак ва ё дигар шахсони баркамол метавонанд тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тавассути интернет бо риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба мақомоти ВҲИ ҶТ муроҷиат намоянд.
Дар чорабинии мазкур зиёда аз 150 нафар хонандагон ва чанде аз омӯзгорони МТМУ №34 иштирок намуданд. Вохӯрӣ дар муҳити озод ва ҳусни тафоҳум баргузор гардид.
Дар интиҳо директори муассисаи таълимӣ вохӯриро ҷамъбаст намуда, барои ташкил кардани чунин як вохӯрии пурмуҳтаво ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ВМИ ҶТ аз номи ҳайати омӯзгорон ва хонандагони МТМУ №34 изҳори миннатдорӣ баён намуд.
А. Содиқов - сардори шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои
кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ