Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистонва гуруҳи кории мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз 8 то 12 октябри соли ҷорӣ бо сафари корӣ дар ноҳияҳои Кӯҳистони Мастчоҳ ва Бобоҷон Ғафуров қарор доштанд.
Ҳадаф аз сафарҳои кории мазкур баргузор намудани вохӯриҳо дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳияҳои мазкур, қабули шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои ҳуқуқҳои кӯдак, баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва хусусан кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо ва механизмҳои ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, аз ҷумла Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми алоҳидаи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак буд, ки аз бандҳои дахлдори Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бармеояд.
Дар доираи сафари мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Ҳабибуллозода Раҷабмо бо раиси ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва муовини соҳавии раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мулоқотҳои судманд гузаронид ва дар рафти ин мулоқотҳо масъалаҳои вобаста ба ҳифз ва пешбурди ҳуқуқҳои кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мушкилоти дар ин самт мавҷуда баррасӣ гардиданд.
Ҳамчунин ҷиҳати тақвияти ҳамкориҳо дар самти мазкур Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷамоатҳои деҳоти Иван тоҷики ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ ва Ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ вохӯрданд.
Зимни вохӯриҳо оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, ҳуҷҷатҳои стратегии дар самти мазкур амалишаванда, уҳдадориҳои ҷумҳурӣ тибқи Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдаки СММ ва протоколҳои иловагии он, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳамчун механизми мустақили ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаҳои будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод гардиданд.
Зимни сафари корӣ дар ҷамоатҳои зикргардида 10 нафар шаҳрвандон аз ҷониби Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қабул карда шуда, барои ҳалли мушкилоти онҳо маслиҳатхои дахлдори ҳуқуқӣ дода шуд.
Дар доираи сафари корӣ бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдак мониторинги якчанд муассисаҳои таҳсилоти миёна ва мактаб-интернатҳои ноҳияҳои мазкур гузаронида шуд.
Дар бораи сафари кории Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар воситаҳои ахбори оммаи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ иттилоъ дода шуд.