МЕНЮ
24
сентябри
2019
|
Сафари кории кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ ба ВМКБ |
Тибқи Нақшаи кори Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак рӯзҳои 16-21 сентябри соли 2019 гурӯҳи кории мақомоти ВҲИ ҶТ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қарор доштанд.
Сафари хизматии мазкур дар доираи амалисозии банди 6 Нақшаи миллии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳо вобаста ба гузориши муттаҳидаи сеюм ва панҷуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рафти иҷрои Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагӣ ба он барои солҳои 2018-2022 ва Стратегияи фаъолияти ВҲК ҶТ барои солҳои 2018-2020 бо мақсади аз наздик муаррифӣ намудани Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба ҷомеаи маҳаллӣ, салоҳият ва вазифаҳои ӯ, қабули шаҳрвандон вобаста ба ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, инчунин таҳким бахшидани ҳамкориҳои мақомоти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бо ниҳоди ВҲК ҶТ анҷом дода шуд.
Дар ин раванд мулоқотҳои судманди гурӯҳи корӣ бо муовинони соҳавии раисони ноҳияҳо гузаронида шуда, бо мақсади тақвият додани ҳамкориҳо ва пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдак дар Ҷамоатҳои деҳоти Рушон ва ба номи Ширинҷонов вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои дахлдори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ВАО баргузор гардиданд.
Зимни вохӯриҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти зикршуда аъзои гурӯҳи корӣ оид ба амалишавии Конвенсия оид ба ҳуқуқи кӯдак ва протоколҳои иловагии он, сиёсати давлатӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдакон, вазифа ва нақши Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, муқаррароти қонунҳои ҶТ “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи зўроварӣ дар оила”, эҳтироми фикри кӯдакон дар раванди ҳаёти оилавӣ, аҳамияти таълиму тарбияи кӯдак дар оила ва таъсири манфии фиристодани кўдак ба муассисаи будубоши доимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуданд.
Иштирокчиёни вохӯриҳо оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон ибрози назар ва табодули афкор намуданд. Аз ҷониби гурӯҳи корӣ ба иштирокчиёни вохӯриҳо маводҳои иттилоотӣ, аз ҷумла Маърӯзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои соли 2018, инчунин брошюраи “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо” дастрас карда шуда, ҷиҳати тақвият бахшидани корҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуд.
Инчунин бо мақсади тақвият додани фаъолияти комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак зимни вохӯриҳо дар маҳалҳо бо раисон ва котибони комиссияҳои ҳуқуқи кӯдак суҳбатҳои алоҳида гузаронида шуда, ҷиҳати пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавонон, аз қабили муноқишаҳои гурӯҳӣ, нашъамандиву майзадагӣ, шомил гардидан ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фарњанги оиладорї ва пош хӯрдани оилаҳои ҷавон тавсияҳои дахлдор пешниҳод карда шуданд.
Зимни сафари корӣ дар ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда шуда, ҷиҳати ҳалли мушкилоти 14 нафар шаҳрвандон мусоидат карда шуд. Ҷоиз ба ёдоварист, ки бо мусоидати мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои зикршуда оид ба сана ва суроғаи қабули шаҳрвандон қаблан муддати як ҳафта тавассути ҷамоатҳои деҳот эълон пахш шуда буд.
Оид ба рафти сафари корӣ роҳбари гурӯҳ А. Содиқов бо хабарнигорони филиали ТВ “Тоҷикистон” ва Телевизиони ВМКБ мусоҳиба доир намуд ва мусоҳибаи мазкур дар телевизион пахш карда шуд.
Инчунин дар доираи сафари корӣ мониторинги вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар чанде аз муассисаҳои кӯдаконаи ноҳияҳои Рушон ва Шуғнон гузаронида шуданд.
Қобили қайд аст, ки чорабиниҳои дар доираи сафари корӣ пешбинишуда дар ҳамкории зич бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Рӯшону Шуғнон ва Намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ВМКБ амалӣ карда шуданд.