ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

6
апрели
2018

Ба имзо расонидани конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи маъюбон – қадами устувор дар таҳкими Давлати демокративу ҳуқуқбунёд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи Созмони Милали Муттаҳид ва давлати демокративу ҳуқуқбунёд сол аз сол мавқеи худро дар арсаи байналмилалӣ устувор менамояд. Оғоз бахшидани ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба Даҳсолаи амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 дар Иҷлосияи 72 Маҷмааи кулли СММ ва дар ҳошияи Иҷлосияи мазкур аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон далели ин гуфтаҳо мебошанд.

Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон вокуниши ҷомеаи ҷаҳонӣ ба табъиз, муҳосираи иҷтимоии маъюбон ва мавриди муносибати ғайриинсонӣ қарор гирифтани онҳо мебошад, ки асрҳо идома меёфт.

Конвенсия аз ҷониби Маҷмааи кулли Созмони Милали Муттаҳид моҳи декабри соли 2006 қабул гардида, моҳи майи соли 2008 мавриди амал қарор дода шудааст. Ба ҳолати имрӯза 175 давлати дунё аъзои ин Конвенсия мебошанд.

Санади мазкур ҳамаи ҷанбаҳои ҳаёти маъюбон, аз ҷумла баробарӣ дар назди қонун ва манъи табъиз, ҳуқуқ ба ҳаёт, озод будан аз шиканҷа, аз истисмор, аз зӯроварӣ ва муносибати бераҳмона, эҳтиром кардани тамомияти ҷисмонӣ ва рӯҳӣ, рафтуомади озод, шаҳрвандӣ, озодии изҳори фикру ақида, дахлнопазирии ҳаёти шахсӣ, таҳсил, саломатӣ, меҳнат ва дигар ҳуқуқҳои маъюбонро ба танзим даровардааст.

Аз ҷониби Сарвари давлати тоҷикон ба имзо расонидани Конвенсияи мазкур идомаи мантиқии саъю талошҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт мебошад, зеро то ин дам ҷиҳати мутобиқ намудани қонунгузории миллӣ ба муқаррароти Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон як қатор корҳои зарурӣ анҷом дода шуда, ҷиҳати иҷрои тавсияҳои кумитаҳои дахлдори СММ ба имзо расонидани Конвенсия дар нақшаҳои миллии амалҳо пешбинӣ шуда буд.

Дар ин раванд соли 2010 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии маъюбон» ва соли 2012 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуданд. Ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият дар дигар санадҳои миллӣ, аз ҷумла дар кодексҳои меҳнат, оила, тандурустӣ, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Дар бораи ҳуқуқҳои кӯдак» ва дигарҳо низ ба танзим дароварда шудаанд.

Инчунин бо мақсади фароҳам овардани шароити мусоид ба кӯдакони маъюб дар соҳаи маориф Консепсияи давлатии таҳсилоти фарогир барои солҳои 2011-2015 қабул шуда, амалисозии он имрӯзҳо низ идома дорад. Мутобиқсозии нақлиёти ҷамъиятӣ ва инфрасохторҳо ба эҳтиёҷоти шахсони дорои маъюбият сол аз сол дар ҷумҳурӣ вусъат меёбад.

Дар ҷумҳурӣ то имрӯз 146725 нафар одамони дорои маъюбият, аз ҷумла 26025 кӯдакон ба қайд гирифта шудаанд.

Бо мақсади тавонбахшӣ ва барқарорсозии саломатии ҷисмонӣ ва рӯҳию равонии маъюбон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016 Барномаи миллии барқарорсозии маъюбонро барои солҳои 2017-2020 қабул кард. Барномаи мазкур дорои хусусиятҳои иҷтимоиву зиддибӯҳронӣ мебошад ва татбиқи он бо дарназардошти мақсадҳои рушди устувори Созмони Милали Муттаҳид то соли 2030 анҷом дода мешавад.

Моддаи 7 Конвенсия оид ба ҳуқуқи маъюбон давлатҳои аъзоро вазифадор менамояд, ки баҳри таъмини татбиқи пурраи тамоми ҳуқуқҳои инсон аз ҷониби кўдакони маъюб дар қатори кўдакони дигар тамоми тадбирҳоро андешида, дар тамоми амалҳои нисбат ба кўдаки маъюб диққати аввалиндараҷа ба манфиатҳои олии кўдак дода шавад.

Ваколатдор оид ба ҳукуки кӯдак дар Ҷумхурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар фаъолияти худ ба пешбурди ҳуқуқу озодиҳои кӯдакони маъюб аҳамияти хоса медиҳад. Вобаста ба ин, аз натиҷањои тањлили санадҳои милливу байналмилалӣ, вохӯриву машваратњо бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва сохторњои ҷомеаи шањрвандӣ ва бо дарназардошти самтњои афзалиятноки ВҲИ ҶТ барои солњои 2016-2020 соли 2017 Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳукуки кӯдак дар Ҷумхурии Тоҷикистон барои солњои 2018-2020 тањия ва тасдиқ гардид, ки дар он њуқуқи кўдакони маъюб ба тањсили босифат дар муњити фарогир њамчун самти афзалиятноки фаъолияти ин ниҳод муайян шудааст.

Имрӯзҳо амалисозии Стратегияи мазкур оғоз гардида, дар ин раванд Ваколатдор оид ба ҳукуки кӯдак ҳамкориҳоро бо вазорату идорањои дахлдори давлатӣ, ташкилотњои ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалӣ ба роҳ мондааст.

Аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расонидани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба ҳуқуқи маъюбон моро вазифадор менамояд, ки ҷиҳати мусоидат намудан ба иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боз ҳам боло бурдани обрӯву эътибори он дар арсаи байналмилалӣ саҳми арзандаи худро гузорем.

Маҷидов П.Б.
Сармутахассиси шуъбаи ҳифзи
давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal