Соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ (ТУТ) ҳамроҳ шуд. Ба ин ташкилот 194 давлат аъзо буда, вазифаи асосии он ҳалли мушкилиҳои байналмилалӣ дар соҳаи тандурустии аҳолӣ мебошад. Ин ташкилот расман 7-уми апрели соли 1948 ҳамчун агентии махсусгардонидашудаи Созмони Милали Муттаҳид (СММ) таъсис ёфта, соли ҷорӣ 70-солагии худро ҷашн мегирад. Шуруъ аз соли 1950 7-уми апрел ҳамчун «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҷашн гирифта мешавад.
Бояд зикр кард, ки «Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ» ҳар сол ба мавзӯъҳои гуногун бахшида мешавад. Масалан шиори Рӯзи тандурустии соли 2017 «Депрессия (афсурдаҳолӣ): биёед гуфтугӯ мекунем» интихоб шуда буд. Шиори имсолаи Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ “Солимии сатҳи олӣ яке аз ҳуқуқҳои асосии инсон новобаста аз нажод, дин, ақидаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва ё вазъи иҷтимоии ӯ” мебошад.
Ҳамасола дар арафаи ин ҷашн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои махсус гузаронида мешаванд. Дар доираи чорабиниҳои мазкур, ки дар ҳама вилояту шаҳру ноҳияҳо баргузор мегарданд, ҷиҳати пешгирии беморшавии аҳолӣ дар тамоми муассисаҳои тиббии кишвар аз ҷониби мутахассисони баландпояи соҳаҳои гуногуни тиб машварат, муоина ва дигар чорабиниҳои ташхисӣ ба таври ройгон анҷом дода мешаванд. Шаҳрвандон тавассути муроҷиат ба ин муассисаҳо ва муассисаи тандурустии макони зист дар сатҳи ҳар як шаҳру ноҳия метавонанд бо машварат ва ташхиси ройгони мутхассисони соҳибтаҷриба фаро гирифта шаванд.
Конститутсияи Тоҷикистон ҳуқуқи ҳар як шахсро ба ҳифзи саломатӣ ва хизматрасонии тиббии босифат кафолат додааст. Ҳуқуқи шахс ба ҳифзи саломатӣ асосан дар Кодекси тандурустии ҶТ ва як қатор санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дигар танзим шудааст.
Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2010 №368 Стратегияи миллии солимии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020 тасдиқ шуда, амал менамояд. Стратегияи мазкур ирода ва манфиатҳои Тоҷикистони соҳибистиқлолро дар соҳаи ҳифзи саломатӣ ифода менамояд. Он ҳуҷҷати маҷмўӣ ва бунёдии банақшагирии дурнамо буда, самтҳои минбаъдаи барномавии роҳбарияти сиёсии кишварро ифода менамояд. Мақсади асосии Стратегия таҳкими саломатии аҳолии кишвар ва фароҳам овардани муҳити солими зист мебошад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазъи солимии аҳолӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир карда, хусусан барои солимии насли наврас диққати махсус медиҳад. Моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» муқаррар кардааст, ки кӯдак ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ дорад ва давлат бо мақсади таваллуди кӯдаки солим барои ҳифзи саломатии падару модар шароити мусоид муҳайё мекунад.
Давлат ҳифзи саломатии кӯдаконро тавассути тадбирҳои зерин таъмин менамояд:
— қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба ҳифзи саломатии кӯдак;
— тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солими кӯдак;
— дастгирии давлатии таҳқиқоти илмии соҳаи ҳифзи саломатии кӯдак;
— назорати вазъи саломатии кӯдак ва пешгирии бемориҳои кӯдакона;
— расонидани ёрии тиббӣ;
— фароҳам овардани шароити мусоиди зист, ки барои инкишофи солими кӯдак зарур аст;
— назорати истеҳсол ва фурӯши маводи ғизоии хушсифат барои кӯдакон.
Инчунин давлат ба кӯдак ёрии тиббии ройгонро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат дода, ҳама гуна озмоишҳои тиббӣ ва илмӣ нисбат ба кӯдакро манъ намудааст.
Ҳамин тариқ ҷашнгирии Рӯзи умумиҷаҳонии тандурустӣ барои тарғибу ташвиқ ва ҳавасмандгардонӣ ба тарзи ҳаёти солим дар байни наврасону ҷавонон аҳамияти хосса дорад, чунки танҳо насли солим метавонад ҷомеаи солим бисозад.
Сайёд Раҳимов
Мутахассиси пешбари шуъбаи
ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки
Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи
инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон