Санаи 5 апрели соли ҷорӣ сармутахассиси Шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Маҷидов Парвиз бо даъвати ТҶ Ассотсиатсияи волидони кўдакони имконияташон маҳдуд дар Форуми рушди дахолати барвақтии кўдакон, ки дар маркази Исмоилия баргузор гардид, иштирок намуд.
Дар кори Форум намояндагон аз Вазорати маориф ва илм, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятие, ки дар самти кӯдакони дорои маъюбият фаъолият мекунанд, иштирок намуданд.
Зимни Форум маърузаҳои роҳбарони ТҶ Лигаи занони дорои маъюбият “Иштирок”, ТҶ “Маҷруҳон”, ТҶ “Ирода”, ТҶ “Рангинкамон” ва дигарон шунида шуданд. Маърӯзаҳо аслан дар мавзўҳои баимзорасонии Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои шахсони дорои маъюбият, имкониятҳои дахолати барвақтӣ, натичаҳои фаъолияти ташкилотҳо, намудҳои маъюбӣ, омӯзиши волидайн ва кормандони тиб оид ба дахолати барвақтӣ пешниҳод шуда, мавриди муҳокимаи иштирокчиён қарор гирифтанд. Баромадкунандагон вобаста ба амалисозии Лоиҳаи “Дахолати барвақтӣ – роҳ ба сӯи ҷомеаи фарогир” ибрози ақида намуданд. Қайд кардан бамаврид аст, ки лоиҳаи мазкур бо дастгирии молиявии Ҷомеаи кушод “Бунёди мадад” дар Тоҷикистон аз ҷониби ташкилотҳои ҷамъиятӣ аз моҳи феврал то октябри соли 2017 дар якчанд шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилояти Суғд, ВМКБ ва шаҳри Кӯлоб амалӣ карда шуд.
Мақсади Лоиҳаи мазкур мусоидат намудан ба мустаҳкамшавӣ ва беҳтаршавии сифати хизматрасонии муайянкунии барвақтӣ, дахолати барвақтӣ ва инклюзия ба кӯдакони дорои маъюбият бо роҳи мутаҳҳид намудани ташкилотҳои ҷамъиятии вилоятҳои ВМБК, Хатлон ва Суғд, инчунин ҳамкории устувор бо мақомоти давлатӣ мебошад.
Иштирокчиёни Форум иброз доштанд, ки дар амалисозии Лоиҳа аз роҳу усулҳои муосири давлатҳои мутараққӣ дар самти ошкоркунии барвақтии кӯдакони дорои маъюбият истифода шуда, зимни он модарони ин кӯдакон ҳамчун провайдерҳо ҷалб карда шудаанд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки дар давраи амалисозии Лоиҳа дар маҷмӯъ 1143 нафар кӯдакони дорои маъюбият ба хизматрасонӣ фаро гирифта шуданд. Инчунин иттилоотонии ҷомеа оид ба ҳуқуқҳои кӯдакони дорои маъюбият ба роҳ монда шуда, ба модарони ин кӯдакон ва ҳамшираҳои шафқати оилавӣ малакаҳои муайянкунии барвақтӣ, муносибат бо чунин кӯдакон ва тавонбаҳшии онҳо омӯзонида шуданд.
Дар навбати худ намояндаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон П.Маҷидов оид ба фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар самти кўдакони дорои маъюбият, ҳуқуқҳои онҳо ва стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак барои солҳои 2018-2020 маълумот пешниҳод карда, вобаста ба нақшаҳои минбаъдаи мақомот маърўза намуд.
Дар охир аз ҷониби иштирокчиён қайд гардид, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо зарур буда, маълумотҳои бадастовардаро дар фаъолияти минбаъдаи худ татбиқ менамоянд.