Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар самти ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва таҳкими ҳамкориҳо, санаи 12 майи соли ҷорӣ дар шаҳри Турсунзода мулоқоти навбатӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, муовини раиси шаҳри Турсунзода Абдулозода Лайло, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагони мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳаллаҳо ва толибилмони фаъоли шаҳр иштирок намуданд.
Дар идомаи иқдомҳои навбатӣ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои 29-30 апрели соли ҷорӣ чорабинии навбатӣ дар ноҳияи Рашт доир гардид.
Дар чорабинӣ муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ муовини раиси ноҳияи Рашт Ҷононзода Маҳмадисо, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа иштирок намуданд.
Дар доираи чорабиниҳои банақшагирифтаи мақомоти ВҲИ ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва тақвияти ҳамкориҳо мулоқоти навбатӣ дар шаҳри Ҳисор бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқимӣ Нигора Аминзода, санаи 10 апрели соли ҷорӣ гузаронида шуд, ки дар он раиси шаҳри Ҳисор Носирзода Ҷаббор, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин, фаъолони ҷомеа, раисони маҳалла ва дигар фаъолон ширкат доштанд.
|
9
апрели
2026
|
Дар доираи иқдомҳо ҷиҳати баланд бардоштани маърифати аҳолӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон, шарҳу тавзеҳи паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 ва пешбурди фаъолияти хизматӣ мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузории як қатор чорабиниҳоро ба нақша гирифтааст.
Чунин як чорабинӣ бо иштироки муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон - Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигора Муқимӣ санаи 8 апрели соли ҷорӣ дар ноҳияи Файзобод гузаронида шуд, ки дар он раиси ноҳияи Файзобод Мансур Каримзода, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ходимони дин ва фаъолони ҷомеа ширкат доштанд.
|
9
апрели
2026
|
Бо мақсади таъмини ҳуқуқи инсон ба саломатӣ соли 2026 дар давлатҳои узви ИДМ “Соли ҳифзи саломатӣ” эълон гардидааст. Дар ин робита, аз 6 то 10 апрел дар Тоҷикистон низ баргузории маъракаи ҷумҳуриявии “Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон” идома дошта, роҳбарият ва кормадони мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар ҳамкорӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, аз ҷумла Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ташкил ва гузаронидани чорабинии мазкур саҳм мегузоранд.






