Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои инсон арзиши олӣ ҳисобида шуда, эҳтиром, эътироф, ҳимоя ва ҳифз таъмин дар миёни кишварҳои минтақа ва ҷаҳон Тоҷикистон мақому манзалати худро пайдо намояд.
Шуруъ аз солҳои аввали Истиқлолият аксари санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон, аз он ҷумла Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, Паймони байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои шаҳрвандӣ ва сиёсӣ, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъизи нажодӣ, Конвенсия дар бораи барҳам додани тамоми шаклҳои табъиз нисбати занон, Конвенсияи зидди шиканҷа ва дигар намудҳои муносибат ва ҷазои бераҳмона, ғайриинсонӣ ё таҳқиркунандаи шаъну шараф, Конвенсия дар бораи ҳуқуқҳои кўдак, Конвенсияи байналмилалӣ дар бораи ҳимояи ҳуқуқи ҳамаи муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзои оилаҳои онҳо ба тасвиб расонида, барои амалишавии онҳо чораҳои дахлдор андешида мешаванд.
Яке аз қадамҳои устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон ин таъсиси мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Таъсиси ин мақомот барои давлате, ки ҳадафҳои худро бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ эълон доштааст, аҳамияти ниҳоят бузург дорад. Зеро расидан ба ин ҳадафҳо танҳо тавассути эътироф, эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд имконпазир аст.
Тибқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳуриии Тоҷикистон ”Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” бо мақсади тақвияти кафолатҳои конститутсионии ҳимояи давлатии ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, мусоидат ба риоя ва эҳтироми онҳо аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва шахсони мансабдори онҳо, роҳбарон ва шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқиашон, таъсис дода мешавад.
Бо мақсади таъмини дастрасии шаҳрвандон ба мақомоти Ваколатдор оид ҳуқуқи инсон, татбиқи ҳуқуқи инсон ба муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва тавсеаи фарогирии фаъолият дар тамоми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон айни ҳол дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд, шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон намояндагии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон фаъолият мекунанд.
Ҳамчунин, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҳамкориҳои бисёрҷанбаи худро бо сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба роҳ мондааст. Пайваста бо онҳо вохўриҳо, семинару мизҳои мудаввар доир намуда, бо аксари созмонҳое, ки дар самти ҳуқуқи инсон фаъолият менамоянд, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расонидааст.
Нақши мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешбурди ҳуқуқ ва озодиҳои инсон сол аз сол тақвият меёбад.
Ҳадафи асосии фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ин пеш аз ҳама барои пешрафти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва бартараф намудани норасоиҳои мавҷуда дар самти мазкур равона шудааст. Бо ин мақсад мақомоти мазкур аз натиҷаи фаъолияти худ ҳамасола доир ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза ирсол менамояд (моддаи 24 Қонун). Ин маърӯза як навъ ахбороти Ваколатдор оид ба вазъи риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар мамлакат мебошад.
Оид ба таҳким ва рушди ҳуқуқи инсон дар мамлакат, такмили қонунгузорӣ, амалияи ҳуқуқтатбиқкунӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон дар Маърўзаҳои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2019-2022 тавсияҳои зерин пешниҳод шуданд: таҳкими иқтидори мақомот, таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон, иттилоотонӣ ва мусоидат дар баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон, такмили қонунгузорӣ, ҳамроҳшавӣ ба санадҳои байналмилалии соҳаи ҳуқуқи инсон ва санҷиши риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини ҳуқуқи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба муроҷиат дар маҷмӯъ 183 тавсия пешниҳод шуда, барои амалисозии онҳо нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ карда шудааст.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон итминон дорад, ки тавсияҳои мазкур барои густариши ҳамкориҳои минбаъда бо мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ѓайридавлатӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мусоидат намуда, иҷрои тавсияҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам беҳтар шудани вазъи риоя, пешбурд ва ҳифзи ҳуқуқи инсон дар ҷумҳурӣ таъсири мусбӣ мерасонад.
Давлатов Ҳ.Ҳ.
Ёрдамчии Ваколатдор
оид ба ҳуқуқи кӯдак