1 июн ҳамасола дар давлатҳои ҷаҳон, аз ҷумла дар Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон ҷашн гирифта мешавад. Ин рӯз бо қарори Анҷумани Шӯрои федератсияи байналмилалии демократии занон таъсис ёфта, бори аввал соли 1950 дар 51 кишвари дунё таҷлил гардида буд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи умумиҷаҳонии муҳофизати кӯдакон 1 июни соли 2011 дар шаҳри Душанбе, аз ҷумла таъкид намуданд, ки ин рӯз «на танҳо рӯзи таърихӣ, балки айёми ба ҷомеа ёдовар шудан аз зарурати риоя ва эҳтироми ҳуқуқи кӯдак ва фароҳам овардани шароит барои ташаккули ҷомеаи инсонпарвару адолатпарвар аст. Аз ин лиҳоз, ин рӯз иди калонсолон низ мебошад. Зеро кӯдакон ниёз ба ғамхории доимӣ доранд ва калонсолон дар таъмини ниёзу эҳтиёҷоти онҳо масъуланд».
Мавриди зикр аст, ки бо мақсади таъмини ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, хусусан кӯдакони маъюб, оид ба нигоҳубину парасторӣ, таҳсили бепул, таъминот бо нафақа, хобгоҳ, ҷои кор ва беҳтар намудани вазъи моддии кӯдакон аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба имрӯз тадбирҳои зиёд андешида шудаанд.
Раҷабмо Ҳабибулозода, муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқикӯдак дар ин мавзӯъ чунин ибрози андеша намуд:
— Тибқи маълумоти Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) дар ҷаҳон беш аз нисфи ноболиғон дар хонаводаҳое умр ба сар мебаранд, ки дар онҳо хушунати ҷисмониву равонӣ ҷой дорад ва ҳамарӯза аз даҳ кӯдак як нафар дучори озори калонсолон мегардад. Дар пешгуфтори Эъломия оид ба ҳуқуқи кӯдак, ки аз ҷониби Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид 20 ноябри соли 1959 қабул шуда буд, омадааст, ки кӯдак то таваллуд ва баъди таваллуд ба ҳимояи ҳуқуқӣ эҳтиёҷ дорад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ яке аз аввалин кишварҳои пасошӯравист, ки Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқҳои кӯдакро ба тасвиб расонда, як қатор уҳдадориҳои байналмилалиро оид ба иҷрои он ба зимма гирифт.
Дар доираи амалигардонии уҳдадориҳо дар самти мазкур якчанд санадҳои дигари байналмилалӣ низ ба тасвиб расонида шуданд, аз ҷумла протоколҳои иловагии Конвенсияи ҳуқуқи кӯдак вобаста ба иштироки кӯдакон дар низоъҳои мусаллаҳона ва савдои кӯдакон, фоҳишагӣ ва порнографияи кӯдакона, Конвенсияи СММ зидди ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ ва Протоколи иловагӣ оид ба пешгирӣ ва рафъи хариду фурӯши одамон ва ҷазо барои он, Конвенсияи Ташкилоти байналмилалии меҳнат «Дар бораи барҳам додани шаклҳои бадтарини меҳнати кӯдакон».
Дар ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлолияти давлатӣ доираи васеи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул шудаанд, ки дар таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак нақши муҳим мебозанд. Қонунгузории амалкунанда бо назардошти принсипи манфиатҳои беҳтарини кӯдак, ки аз талаботи Конвенсияи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак бармеояд, пайваста такмил дода мешавад.
Конститутсияи ҶТ, Қонуни ҶТ «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак» ҳуқуқҳои кӯдакро ҳимоя намуда, амалишавии онҳо тавассути андешидани тадбирҳои дахлдор кафолат дода мешавад. Кодекси оилаи ҶТ, қонунҳои ҶТ «Дар бораи маориф», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», стратегия, консепсия ва барномаҳои миллию идоравии дар ин самт амалкунанда ҷанбаҳои гуногуни ҳуқуқу озодиҳои кӯдаконро танзим менамоянд.
Сохтори институтсионалии мақомоту идораҳои давлатӣ, ки мақсади онҳо татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба дастгирии оилаву кӯдак, фароҳам овардани шароити мусоид баҳри амалишавии ҳуқуқҳои кӯдакон мебошад, пайваста такмил меёбад.
Дар низоми мақомоти давлатӣ бо ташаббус ва ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис додани ниҳоди миллии ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак — Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар самти таъмини эҳтиром, риоя ва ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак пешравии назаррас аст.
Фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба танзим дароварда мешавад. Он воситаҳои мавҷудаи ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакро пурра намуда, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки ҳуқуқҳои вайроншударо барқарор менамоянд, бекор ё тағйир намедиҳад.
Тибқи қонуни мазкур вазифаҳои асосии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак мусоидат намудан ба риояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак, барқарор намудани ҳуқуқу озодиҳои вайроншудаи кӯдак, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ дар ин самт, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳвандон, аз ҷумла кӯдакон оид ба ҳуқуқу озодиҳои онҳо, ҳамкории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, рушду ҳамоҳангсозии ҳамкории байналмилалӣ дар самти мазкур мебошанд.
Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Ваколатдор баррасии аризаву шикоятҳои шаҳрвандон мебошад ва дар соли 2016 вобаста ба ҳуқуқи кӯдакон 107 муроҷиат баррасӣ шудааст. Муроҷиаткунандагон асосан вобаста ба масъалаҳои таъминоти кӯдакон аз ҷониби падару модар (23 адад), ҳуқуқи дастрасӣ ба таҳсил (18 адад), ҳуқуқ ба моликият (12 адад), ҳуқуқ ба манзил (17 адад), озодӣ аз зӯроварӣ (2 адад), ҳуқуқ ба муошират бо волидайн (3 адад) ва дигар масъалаҳо муроҷиат намуданд. Баъзан шаҳрвандон муроҷиат намуда, барои гирифтани ҳуҷҷатҳои дахлдор, аз ҷумла шаҳодатномаи таваллуди кӯдакон, нусхаи шаҳодатномаи никоҳ ва дигарҳо мусоидат мепурсанд.
Аз миқдори умумии муроҷиатҳои воридгардида дар ҳамкорӣ бо мақомоти дахлдор 11 муроҷиат ба таври мусбат ҳал карда шуда, ба муроҷиаткунандагон дар ҳалли мушкилоти онҳо мусоидат карда шуд.
Тавре аз натиҷаи таҳлили муроҷиатҳо бармеояд, баъзан волидайн дар нигоҳубини кӯдак беэътиноӣ зоҳир намуда, маблағи алиментро барои нигоҳубини фарзандони ноболиғашон сари вақт пардохт намекунанд. Гарчанде қонун муқаррар намудааст, ки новобаста аз он ки падару модар дар никоҳи қонунӣ ҳастанд ё не, онҳо уҳдадоранд фарзандони ноболиғи худро нигоҳубин намоянд.
Надонистани ҳуқуқҳои худ ва талаботи қонунҳои амалкунанда, беэътиноии волидайн боиси он мегардад, ки сари вақт ба фарзандон шаҳодатномаи таваллуд гирифта намешавад ва ин ҳолат баъзе мушкилиҳоро зимни амалигардонии ҳуқуқҳои кӯдакон ба миён меорад.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак фаъолияти худро дар асоси Стратегияи фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон барои солҳои 2016-2020 ба роҳ мондааст, ки тибқи он мусоидат намудан ба таъмини ҳуқуқҳои кӯдакон ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ мегардад.
Бо назардошти ин ва бо мақсади мусоидат ба ҳифзи ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адлияи ноболиғон ба якчанд муассисаҳои низоми мазкур, аз ҷумла Мактаби махсуси ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе, Литсейи
махсуси касбӣ-техникии № 1 шаҳри Душанбе, ки дар онҳо кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда тарбия меёбанд, ташриф оварда шуд.
Ҳамчунон Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак бо мақсади муайян намудани вазъи риояи ҳуқуқи кӯдак ба муассисаи тарбиявӣ, ки дар он ноболиғон адои ҷазо менамоянд, омада, аз шароити нигоҳдорӣ дар муассисаи мазкур, муносибати кормандони муассиса ба кӯдакони аз озодӣ маҳрумшуда ва дастрасии кӯдакон ба таҳсил шинос шуда, бо кӯдакон оид ба ҳуқуқҳои онҳо суҳбат намуд.
Бо мақсади омӯзиши дастрасии кӯдакони бо қонун дар мухолифатбуда ба таҳсилоти иловагӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз марказҳои таҳсилоти иловагии шаҳри Исфара, ноҳияи Б. Ғафуров ва Муассисаи давлатии «Маркази кӯдакон ва наврасони шаҳри Душанбе» боздид намуд.
Имрӯз давлат барои ҳифзи кӯдакони ятим, кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд ва таълиму тарбияи онҳо ғамхорӣ менамояд. Ба осебпазирии вазъи молиявии кишвар нигоҳ накарда, ҷиҳати бо сатҳи шоистаи зиндагӣ таъмин намудани кӯдакони ятиму бепарастор онҳо аз ҷониби давлат ройгон нигоҳубин карда мешаванд. Бо мақсади омӯзиши вазъи риояи ҳуқуқи ин категорияи кӯдакон ба муассисаҳои давлатии Хонаи кӯдакони №1, №2 дар шаҳри Душанбе ва Хонаи кӯдакони №1 шаҳраки Шӯроби ноҳияи Исфара боздид ба амал оварда шуд. Натиҷаҳои боздид нишон доданд, ки барои таъмини шароити хуби нигоҳубини кӯдакон дар муассисаҳои мазкур тадбирҳо андешида мешаванд ва он назар ба солҳои пешин беҳтар шудааст.
Масъалаи дастрасӣ ба таҳсили кӯдакони гурӯҳҳои осебпазир дар маркази диққати доимии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак қарор дорад. Барои муайян намудани вазъ дар самти мазкур Ваколатдор пайваста мониторинги дастрасии кӯдаконро ба таҳсил, хусусан кӯдакони маъюб, кӯдаконе, ки дар мактаб-интернатҳо қарор доранд, мегузаронад. Соли 2016 чунин мониторингҳо дар мактаб-интернати ёрирасони №1 шаҳри Кӯлоб, интернати давлатии №1 деҳаи Арали ноҳияи Восеъ, мактаби таҳсилоти асосии №68 ноҳияи Восеъ, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони нобино ва қувваи босираашон сусти ноҳияи Ҳисор, мактаб-интернати ҷумҳуриявии кӯдакони кари ноҳияи Рӯдакӣ, муассисаи давлатии интернати вилоятии наздимактабии ноҳияи Балҷувон, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 барои кӯдакони ятиму бепарастори ноҳияи Рӯдакӣ гузаронида шуданд.
Ҳамчунин дар муассисаи тавонбахшии кӯдакони маъюби «Чорбоғ»-и ноҳияи Варзоб, Муассисаи давлатии «Маркази байналмилалии тавонбахшӣ дар ноҳияи Балҷувон» санҷишҳо гузаронида шуданд.
Аз натиҷаи санҷишҳо ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарони муассисаҳое, ки вазъи ҳуқуқи кӯдак дар онҳо мавриди санҷиш қарор гирифтанд ва ба мақомоту идораҳои дахлдор тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.
Натиҷаи таҳлили сарчашмаҳои гуногуни иттилоотӣ, муроҷиатҳои шаҳрвандон, натиҷаи вохӯриву санҷишҳо нишон медиҳанд, ки дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак дар баробари дастовардҳо баъзан мушкилиҳо низ ба назар мерасанд, ки бештар ба худкушӣ даст задани кӯдакон, зӯроварӣ нисбат ба онҳо, дар кӯча мондани онҳо, ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон, дар деҳоти дурдаст аз таҳсил дур мондани духтарон баъди гирифтани таҳсилоти асосӣ, аз оилаҳои пурра дар хонаҳои кӯдакон ва мактаб-интернатҳо ҷойгир намудани фарзандон, бемасъулиятии падару модарон дар таълиму тарбияи кӯдак вобастаанд. Масалан, соли 2016 90 ҳолати сӯиқасд ва худкушии кӯдакон ба қайд гирифта шуда, дар ин давра аз ҷониби ноболиғон 693 ҷиноят содир карда шудааст. Барои иҷро накардани уҳдадориҳои падару модар, шахсони онҳоро ивазкунанда ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар таълиму тарбияи фарзанд соли 2016 14 ҳазору 637 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби судҳо нисбат ба онҳо ҷазоҳои дахлдор таъйин карда шудаанд.
Ошкор ва бартараф намудани сабабу омилҳое, ки боиси вайронкунии ҳуқуқи кӯдак мегарданд, фаъолгардонии кори мақомоту идораҳоро тақозо менамояд. Ҳамбастагӣ ва ҳамкории вазорату идораҳо ва сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ба самаранокии фаъолият дар ин самт мусоидат менамояд.