ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

Тақвияти ҳамкориҳо дар самти ҳифзи ҳуқуқҳои кўдак

Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳо бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти ҳуқуқу озодиҳои инсон бо Фармони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгирии Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ дар Тоҷикистон кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор дар шаҳри Кўлоб, ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон дар самти ҳуқуқу озодиҳои кўдакон вохўриҳо гузарониданд.

Намояндагони Ваколатдор бо мусоидати раисони шаҳру ноҳияҳои мазкур рўзи 12 март дар шаҳри Кўлоб, рўзи 13 март дар ноҳияи Восеъ ва рўзи 14 марти соли 2014 дар ноҳияи Темурмалик бо раисони Комиссия оид ба ҳуқуқи кўдак, мудирони шуъбаҳои кор бо занон, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, корҳои дохилӣ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ вохўрда, вазъи ҳуқуқи кўдаконро дар шаҳру ноҳияҳои мазкур мавриди муҳокима қарор доданд. Иштирокчиёни вохўрӣ бо Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқи кўдак (аз ҷумла тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кўдак аз соли 2010 оид ба маърўзаи дуюми даврии Ҷумҳурии Тоҷикистон) ошно гардида, оид ба саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар барқарорсозии ҳуқуқҳои вайроншудаи кўдакон маълумот гирифтанд.

Дар вохўриҳо дастоварду мушкилот дар самти таъмини ҳуқуқи кўдак мавриди муҳокима қарор гирифта, муҳокимаҳо дар фазои озоду шаффоф доир гардида, аз ҷониби иштирокчиён барои минбаъд беҳтар кардани кор дар самти таъмини ҳуқуқҳои кўдакон як қатор таклифҳо пешниҳод гардиданд.

Тибқи Нақшаи фаъолияти мақомоти Ваколатдор дар соли 2014 чунин вохўриҳо дар дигар шаҳру навоиҳи ҷумҳурӣ низ ба назар гирифта шудаанд.

 


Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal