Бо ташаббуси Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва бо дастгирии Намояндагии Хазинаи кўдакони СММ дар Тоҷикистон кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тўли рўзҳои 11-15 марти соли 2014 аз як қатор муассисаҳои таълимӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон дидан карданд.
Дар давоми ин рўзҳо вазъи кўдакон дар мактаб интернати ҷумҳуриявӣ барои кўдакони ятим дар шаҳри Кўлоб, мактаб – интернати №1 ҷамоати деҳоти ба номи М.Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ, хонаи бачагони деҳаи Танобчии ноҳияи Темурмалик, мактаби таҳсилоти ибтидоӣ дар деҳаи лўлиёни ноҳияи Восеъ, ки дар он асосан кўдакони ин деҳа таҳсил мекунанд, омўхта шуданд.
Омўзиши вазъи таълиму тарбия ва зисти кўдакон дар ин муассисаҳо нишон доданд, ки пешравиҳо дар соҳаи маориф дида мешаванд. Аммо камбудӣ ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза қариб дар ҳамаи ин муассисаҳо ҷой дорад.
Зимни вохўрӣ бо кўдакон ба онҳо дар бораи қонунугузории миллӣ ва санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофгардида, ки ҳуқуқҳои кўдакро танзим менамоянд, маълумот дода шуд. Хонандагону тарбиягирандагони муассисаҳои номбурда бо ҳуқуқҳои кўдакони бо қонун дар мухолифатбуда шинос шуда, ба онҳо брошураю буклетҳо оид ба ҳуқуқҳои ноболиғон ҳангоми дастгиркунӣ, ҳабс ва дар рафти мурофиаи судӣ супорида шуданд.
Ҳангоми сўҳбат ба кўдакон оид ба нақши шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кўдаки Дастгоҳи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод шуд. Онҳо бо тартиби муроҷиат ба мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ошно шуданд.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон тасмими гирифтааст, чунин вохўриҳоро бо кўдакон боз ҳам зиёд кунад.