МЕНЮ
22
августи
2020
|
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон майдончаи варзиширо дар маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд |
ДУШАНБЕ, 21.08.2020 /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маҳаллаи Тирчиди шаҳри Хоруғ майдончаи муосири варзиширо мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ифтитоҳи майдончаи варзишӣ дар ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ сурат гирифта, яке аз иншооти муосир дар маркази вилоят маҳсуб меёбад.
Дар маҳаллаи Тирчид 225 оила мавҷуд буда, айни ҳол дар он наздик ба ҳазор нафар сокини то синни 35-сола истиқомат мекунанд. Кӯдакону наврасон ва ҷавонони ин маҳалла солҳои зиёд ба чунин иншооти замонавии варзишӣ эҳтиёҷ доштанд.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки майдончаи варзишӣ дар масоҳати умумии 1170 метри мураббаъ, дар доираи татбиқи Лоиҳаи “Мусоидат ба сулҳу субот тавассути инфрасохтори муҳим дар шаҳри Хоруғ” бунёд ёфта, дорои 320 ҷойи нишаст мебошад.
Майдончаи варзишӣ бо беҳтарин шароити инфрасохторӣ бунёд гардида, дар он ҳамаи талаботи муосир ба инобат гирифта шудааст. Аз ҷумла, гирду атрофи иншоот пурра чароғон карда шуда, пешайвон ва ҷойи нишасти тамошобинон тавассути соябонҳо аз боду борон муҳофизат мешавад. Дар ҳудуди иншооти мазкур ҳамчунин майдончаҳои хурди дигар барои бозии футбол, баскетбол ва волейбол сохта шудааст.
Фарши майдонча бо рӯйпӯши махсуси резинӣ сохта шудааст, ки дар қаламрави мамлакат усули нав ба шумор меравад. Бартарии рӯйпӯши резинии бедарз дар он аст, ки ба ҳама гуна боду ҳаво гармию сардӣ, тобовар мебошад.
Корҳои лоиҳакашӣ ва сохтмони майдончаи варзишӣ аз моҳи майи соли равон оғоз ёфта, бо ҷалби чор ширкати сохтмонии ватанӣ — ҷамъиятҳои дорои масъулияти маҳдуди “Адис”, “Саховати Комрон”, “Помирэнергосервис” ва “Муросо-эко” дар муҳлати камтар аз 3 моҳ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Айни замон дар маҳаллаҳои Андарситез, Фурудгоҳ, Султони Валӣ, Гулобод ва кӯчаи Насиллобекови шаҳри Хоруғ бунёди боз панҷ адад чунин майдончаи варзишӣ идома дорад.
Бояд гуфт, ки танҳо соли 2019 дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон қариб 400 иншооти варзишӣ сохта ба истифода дода шудааст. Бунёди садҳо маҷмааву толор ва майдончаҳои варзишии дигар дар ҳудуди вилоят идома дорад.
Дар як қисми майдончаи варзишӣ гӯшаи алоҳида барои бозии кӯдакон пешбинӣ гардидааст. Дар ин ҷо барои дилхушии кӯдакон тамоми шароит муҳайё карда шуда, он бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида шудааст.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мураббиён ва варзишгарони наврас — аъзои тимҳои футболи хурд, ки шогирдони Мактаби махсуси бозиҳои варзишии шаҳри Хоруғ мебошанд, суҳбати самимӣ доир намуда, онҳоро ба донишандӯзӣ, дӯст доштани варзиш, интихоби тарзи ҳаёти солим ва роҳи дурусти ҳаёт талқин намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат ба варзишгарони навраси шаҳри Хоруғ туҳфаҳои гуногун, аз ҷумла сару либоси варзишӣ тақдим намуда, ба бозиҳои футбол дар майдончаи нав оғоз бахшиданд.
Сокинони Маҳаллаи Тирчид, махсусан ҷавонону наврасон, барои дастгириҳои ҳамешагӣ ва иқдомҳои шоиста баҳри вусъати созандагиву бунёдкорӣ, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипосу миннатдорӣ намуданд.