ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

22
июни
2020

Вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Қабулгоҳ-таҳвилгохи ноболиғони ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе

Мувофиқи нақшаи амали мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон рӯзи  19 июни соли 2020 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дасгоҳи ВҲИ  дар самти вазъи риояи ҳуқуқи кӯдакон дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонони Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе санҷиш  гузарониданд.
 
Ба муассиса ноболиғони аз синни 3-сола то 18-сола, ки ба оворагардӣ ва талбандагӣ машғуланд, кӯдакони гумшуда, партофташуда, худсарона аз оила рафта ҷойгир карда мешаванд.
Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ барои 30 нафар ноболиғ пешбинӣ шуда, дар он ҷо ноболиғон  ба муҳлати то 30 шабонарӯз нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолати истисноӣ мӯҳлати нигоҳдорӣ  бо қарори Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдаки ш. Душанбе ба мӯҳлати то 30 шабонарӯз дароз карда мешавад. 
Дар рафти санҷиш бо 3 писар ва 2 духтар, ки дар  Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ нигоҳ дошта шуда буданд, бо ҳар яке аз онҳо сӯҳбатҳои алоҳида гузаронида шуд. 
Ноболиғон аз муносибати кормандони Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуданд.  Ҳолатҳои зуроварӣ, таҳқир, ҷалби ноболиғон ба корҳои ба онҳо вобастанабуда ҷой надоранд. Ноболиғон аз шароити зист ва хурду хӯрок розӣ мебошанд.
Дар вақти санҷиш бо роҳбарон ва кормандони Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ вобаста ба вазъи риояи ҳуқуқҳои кӯдакон, сабабҳо ва тартиби ба Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ овардани кӯдакон, шароити нигоҳдорӣ, ҳуқуқ ба ҳифзи саломатӣ, таъминот бо ғизо, муносибат бидуни зӯроварӣ, муошират бо хешовандон суҳбатҳо доир карда шуданд.
 Дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ ҳамагӣ 4 ҳуҷра  барои кӯдакон ҷудо шудааст. Аз он барои писарбачаҳо 2 ҳуҷра, барои духтарон 1 ҳуҷра ва ҳуҷраи изоляторӣ, ки ҳамаи кӯдакон баъди муоинаи тиббӣ, бақайдгирӣ ва ба анҷом расонидани дигар тартиботи муқараршуда дар ин ҳуҷраҳо ҷойгир карда мешаванд.
Инчунин дар Қабулгоҳ-таҳвилгоҳ утоқи махсус барои фароғат бо телевизор ва шоҳмот мавҷуд аст. Ҳолати тозагӣ ва санитарию гигении ҳуҷраҳо ба талабот ҷавобгӯ мебошад.
Аз натиҷаи санҷиш ба масъулини муассисаи мазкур тавсияҳои дахлдор дода шуданд.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal