ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

22
июни
2020

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати муштараки Дафтари СММ оид ба маводҳои мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Дафтари зиддитерористии СММ (UNOCT) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (UN-CTC) тариқи бархат (онлайн) мулоқот намуд

Рӯзи 22 июни соли ҷорӣ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулозода Раҷабмо  бо ҳайати муштараки Дафтари СММ оид ба маводҳои мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC), Дафтари зиддитерористии СММ (UNOCT) ва Маркази мубориза бо терроризми СММ (UN-CTC) тариқи бархат (онлайн) мулоқот намуд.
 Мавзӯи мулоқот масъалаи вазъи кӯдакони зарардида дар низоъҳои мусаллаҳона,  роҳандозии фаъолияти ҳамоҳангшудаву босамар дар мубориза бо терроризму ифротгароӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба созмону ҳаракатҳои террористию ифротии фаромиллӣ, аз ҷумла пешгирӣ ва вокуниш ба зӯроварӣ нисбати кӯдакон аз ҷониби гуруҳҳои террористӣ ва ифротгароии хушунатбор буд.
Зимни мулоқот Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз ташаббуси инсондӯстонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Ватан баргардонидани кӯдакон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз минтақаҳои ҷангзада ёдовар шуда, ҳамзамон қайд намуд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ ин кӯдаконро мавриди ҳимоя ва ғамхории махсус қарор додааст.
Роҳбари Дафтари минтақавии СММ оид ба маводҳои мухаддир ва ҷинояткорӣ (UNODC) - хонум Ашита Миттал низ ин таҷрибаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун таҷрибаи ибратомӯз барои дигар давлатҳои минтақа арзъёбӣ намуда, омодагии Дафтарро ҷиҳати расонидани кӯмаки техникӣ дар масъалаи ба ҷомеа воридшавии ин кӯдакон  баён намуд. 
Зимни мулоқот Ҳабибулозода Р. оид ба сиёсати давлат дар самти таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак,  тадбирҳо оид ба пешгирии экстремизм ва террроризм дар байни ноболиғон ва ҷавонон ва фаъолияти  Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ин самт маълумот дод.  
Тарафҳо омодагии якдигарро ҷиҳати идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон изҳор намуданд.  
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal