ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

1
апрели
2020

РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ – АСОСИ РУШДИ ТАФАККУРИ ТЕХНИКИИ ҶАВОНОН. Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои мамлакат наврасонро бо фаъолияти расадхонаҳо ва олами коинот шинос менамояд

ДУШАНБЕ, 01.04.2020. /АМИТ «Ховар»/. Олимони Институти астрофизикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон (АМИТ) дар доираи «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» бо бардошт аз мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илму маориф тасмим гирифтаанд, ки бо мақсади рушд додани тафаккури техникии насли наврас миёни онҳо экскурсияҳо, вохӯриҳо ва дарсҳоро бо иштироки  олимони маъруфи Институт ташкил намоянд. Инчунин онҳоро бо фаъолияти расадхонаҳои Институт шинос намуда, ба воситаи телескопҳо осмони ситоразорро нишон медиҳанд. Ин матлабро директори Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м, узви вобастаи АМИТ Гулчеҳра ҚОҲИРОВА ба хабарнигори АМИТ «Ховар» иброз намуд.
 
 
Ба  гуфтаи олими тоҷик, ҳоло дар Институти астрофизика бахши астрономияи Академияи илмҳои хурд фаъолият дорад ва минбаъд олимон  сафарбар карда мешаванд, ки ҳарчи бештар барои ҷавонон ва ҳавасмандон аз фанни астрономия дарсҳои шавқовар ташкил намоянд. Аллакай дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» синфхонае ташкил шудааст, ки дар он барои наврасони атрофи расадхона ва деҳаи Шарора мунтазам дарсҳои ҷолиби маърифатии илми астрономия ба роҳ монда шудаанд. Инчунин дар Расадхонаи астрономии «Ҳисор» барои хонандагон, мактаббачагон ва дӯстдорони илми астрономия  пайваста вохӯриҳо ва экскурсияҳо гузаронида мешаванд.
 Rasadhona.JPG2 .JPG3 768x514
Олимони Институт чун дигар олимони мамлакат аз мулоқоти таърихие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Наврӯзи эҳёгару ҳаётбахш  бо кормандони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, зиёиён ва эҷодкорони мамлакат баргузор карданд, илҳоми тоза гирифта, сиёсати созандагию бунёдкорӣ, андешаҳо ва  ташаббусҳову  ғамхориҳои роҳбарияти олии мамлакатро дастгирӣ менамоянд. Имрӯз олимони ин даргоҳ барои пешрафти илми астрономия дар зинаҳои гуногуни рушди маънавии ҷомеаи илмии мамлакат, махсусан дар байни  насли ҷавон талош менамоянд.
 
 
 
«Дар мулоқоти Президенти ҷумҳурӣ бо намояндагони аҳли зиёи мамлакат масъалаҳои мухталифи илмӣ, рушд ва такомули илму маориф баррасӣ гардиданд. Мақсад аз талошҳои Пешвои миллат фароҳам овардани шароит барои олимони мамлакат ҷиҳати таҳқиқ ва фаъолияти пурсамари онҳо ба нафъи ҷомеа мебошад. Имкониятҳои маънавию зеҳнӣ ва истифодаи оқилонаи неруҳои илмии мамлакат барои ҷустуҷӯи роҳҳои ҳалли масъалаҳои муосири иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа дар соҳаи илму фарҳанг ва маориф сафарбар мешаванд»,-илова намуд доктори илмҳои физика ва математика Гулчеҳра Қоҳирова.Direktori Instituti astrofizikai AI CHT Kohirova G.I. 300x220
 
Дар вохӯрӣ бо  олимону зиёиён Пешвои миллат изҳор доштанд, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар самти таъмини имконият барои фаъолият ва рушди Академияи илмҳо ва муассисаҳои илмии он, донишгоҳу донишкадаҳо ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ пайваста тадбирҳои зарурӣ меандешад.
 
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон инчунин дар суханронии худ изҳор намуданд, ки имрӯз бе илму инноватсия, технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии техникӣ қадаме ба пеш гузошта намешавад ва  бо мақсади боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани омӯзиши илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, инчунин, барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас солҳои 2020-2040 Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф эълон карда шуд.
 
 Rasadhona.JPG2 .JPG3 .JPG6 768x514
 
Дар робита ба ин ҳамсуҳбат зикр кард, ки миллати мо аз миллатҳои асили дунёст ва таърих гувоҳӣ аз он медиҳад, ки ниёгони мо барои наслҳои имрӯзу фардо тамаддуни бой ба мерос мондаанд. Сарвари хирадманди мамлакат,  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои муҳимтарини ояндаи инсоният муносибати дурбинона ва ҷиддӣ доранд. Эълон гардидани Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф низ барои тавсеаи тафаккури техникии насли наврас пешбинӣ шуда, ин иқдом аз қадамҳои хеле устувор ва боварибахш хоҳад буд.
 
«Мулоқоти Пешвои миллат бо аҳли илму фарҳанги мамлакат барои рушду  таҳқими равандҳои илму дониш аҳамияти бузургро дорост. Дастурҳое, ки дар он ироа шуданд, ба эҳёи неруи маънавии мо мусоидат карда, дар ҷодаи такомули илм раҳнамо мегарданд. Умед дорем, ки бо неруи оқилонаи равшанфикрон ва дастгирии ҳамешагии давлату Ҳукумати мамлакат мо парчами илми тоҷикро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардошта, тараққиёти илм, техника ва технологияи муосирро боз ҳам неруманд мегардонем»,- хулоса кард директори Институти астрофизикаи АМИТ, д.и.ф.-м, узви вобастаи АМИ Тоҷикистон Гулчеҳра Қоҳирова.
 

Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal