Санаи 08 сентябри соли 2017 Раҷабмо Ҳабибулозода – муовини Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон – Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Роҳбари нави Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон ҷаноби Лучиано Калестиниро ба ҳузур пазируфт.
Нахуст Ҳабибулозода Р. оид ба сиёсати давлат дар самти таъмини манфиатҳои беҳтарини кӯдак, таъмини шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи кӯдак, салоҳият, ваколат ва фаъолияти мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумоти муфассал дод.
Қайд карда шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи СММ ҷиҳати иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии худ дар самти ҳифзи кӯдакон пайваста талош мекунад ва дар ин робита саҳми мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд назаррас мебошад.
Ҳамчунин зимни мулоқот қайд гардид, ки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ҳангоми амалӣ гардонидани фаъолияти худ ба масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар самти ҳуқуқ ба таҳсил, ҳифзи ҳуқуқи кӯдакони дорои имкониятҳои маҳдуд ва ҳуқуқи кӯдакон дар низоми адолати судӣ аҳамияти махсус медиҳад.
Баъдан Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ба саволҳои меҳмонон ҷавобҳои муфассал дод. Масъалаҳои вобаста ба таърихи таъсисёбии мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак, салоҳият ва ваколатҳои бо қонун муқарраргардида, гузаронидани санҷишу мониторингҳои муассисаҳои кӯдакона, гурӯҳи мониторингии назди Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, ҳамкориҳои минбаъда бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқи кӯдак мавриди тавваҷӯҳи Роҳбари Намояндагии Хазинаи кӯдакони СММ (UNICEF) дар Тоҷикистон қарор гирифтанд.
Дар охири мулоқот ҷаноби Лучиано Калестини аз Раҷабмо Ҳабибулозода барои пазироии самимӣ, ҷавоб ба саволҳо ва идома додани ҳамкориҳои мутақобилаи судманд баҳри татбиқи ҳуқуқҳои кӯдакон дар Тоҷикистон изҳори миннатдорӣ баён намуд.