ПАХШ / ХОМӮШ: АКСҲО: ҲУРУФ: A A A ПАСНАМО: Ц Ц Ц Ц

Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак
дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

МЕНЮ

girl boy2

Тақвими хабарҳо

Декабр 2024
Дн Сш Чн Пш Ҷм Шб Ян
25 26 27 28 29 30 1
2 3 4 5 6 7 8
9 10 11 12 13 14 15
16 17 18 19 20 21 22
23 24 25 26 27 28 29
30 31 1 2 3 4 5

girl boy3

7
сентябри
2017

Санҷиш дар МТМУ №54 шаҳри Душанбе

Мусоидат ба дастрасии кӯдакон ба таҳсил иииииива риояи ҳуқуқҳои онҳо дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Аз ин лиҳоз, бо мақсади таъмин намудани иҷрои самти мазкур тибқи Барномаи амали мақомоти ВҲИ ҶТ барои соли 2017 кормандони шуъбаи ҳифзи давлатии ҳуқуқҳои кӯдаки Дастгоҳи ВҲИ ҶТ дар МТМУ №54 ноҳияи Синои шаҳри Душанбе санҷиш гузарониданд.

Дар рафти санҷиш аз ҷониби гурӯҳи корӣ риоя шудани талаботи санадҳои байналмилалӣ ва миллӣ дар самти таҳсил, аз ҷумла Ковенсияи байналмилалӣ оид ба ҳуқуқҳои кӯдак, қонунҳои ҶТ “Дар бораи маориф”, “Дар бораи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак” ва “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” ва инчунин шароити таълиму тарбияи кӯдакон дар МТМУ №54 мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар маҷлисгоҳи мактаб бо хонандагони синфҳои болоӣ ва омӯзгорон вохӯрӣ гузаронида шуда, оид ба сиёсати давлат дар самти ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои кӯдак маълумоти муфассал ва пурмуҳтаво пешниҳод карда шуд. Аз ҷумла, оид ба “Соли ҷавонон” эълон шудани соли 2017, дастгирии ҳамаҷонибаи ҷавонони лаёқатманд ва хусусан духтарон аз ҷониби Ҳукумати ҶТ, пешгирии ҷинояткорӣ ва шомилшавии наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундраву ифротгаро, парҳез намудан аз тамошои наворҳои фаҳшу зӯроварӣ дар интернет, канораҷӯӣ намудан аз гурӯҳбозӣ ва шахсони ба ном “саркарда” ё “лидер”, эҳтироми қонунҳои амалкунанда, қоидаҳои дохилимактабӣ, омӯзгорон ва падару модарон суханронӣ намуда, барои тақвияти суханҳо доир ба мавзӯъҳои зикршуда аз Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, суханрониҳои Пешвои миллат дар вохӯриҳо ба фаъолони шаҳри Душанбе ва бонувони кишвар иқтибосҳо оварда шуданд.

news 1 1

Инчунин аъзои гурӯҳи корӣ оид ба Маърӯзаи имсолаи ВҲИ ҶТ, сомонаи интернетии ВҲИ ҶТ, фаъолияти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак маълумот дода, таъкид намуданд, ки шаҳрвандон, аз ҷумла кӯдакон метавонанд тариқи хаттӣ, шифоҳӣ ва ё тавассути интернет бо риояи талаботи Қонуни ҶТ “Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак муроҷиат намоянд.

Дар вохӯрии мазкур муовини директор оид ба корҳои тарбиявӣ низ баромад намуда, оид ба корҳои анҷомдодаи ҳайати омӯзгорони муассисаи таълимӣ маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар интиҳои вохӯрӣ директори мактаб баромад намуда, барои чунин вохӯрии муфид ба гурӯҳи корӣ изҳори миннатдорӣ намуд.

Аз натиҷаи санҷиш бо директори мактаб, муовинони директор ва мудири бахши хоҷагӣ суҳбати ҷудогона доир гашт, ки дар он натиҷаҳои пешакии санҷиш баён ва ҷиҳати бартараф намудани камбудиву норасоиҳои ошкоршуда тавсияҳои дахлдор пешниҳод гардиданд.

Хадамоти матбуотии ВҲИ

 


Эмомалӣ Раҳмон

Сухани Президент-3 Сухани Президент-4 Сухани Президент-5 Сухани Президент-6 Сухани Президент-1 Сухани Президент-2 Сухани Президент-7

Сухани Президент-3

Бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоям, ки институти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак таъсис дода шавад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-4

Таълиму тарбияи кӯдакону наврасон яке аз масъалаҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад. Э.Раҳмон

Сухани Президент-5

Агар мо хоҳем, ки Тоҷикистонро дар оянда ободу осуда гардонем, имрўз бояд барои наврасону ҷавонони соҳибистеъдоди ҷўянда шароит фароҳам оварем. Э.Раҳмон

Сухани Президент-6

Воқеан, кӯдакон ояндаи осудаву ободи ҳар як миллат, сарвати бебаҳои ҳар як оила, ҷомеа ва давлат ба шумор мераванд ва онҳо бахту саодати рӯзгори ҳар як падару модар мебошанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-1

Кӯдакони имрӯза фардо ҳамчун насли ватандӯст ва номбардори Тоҷикистони азизамон ба воя мерасанд. Э.Раҳмон

Сухани Президент-2

Имрӯз барои таълиму тарбияи кӯдакону наврасон тамоми шароит муҳайё гардидааст. Э.Раҳмон

Сухани Президент-7

Наврасону ҷавонони моро зарур аст, ки ба қадри сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва истиқлолу озодӣ расанд ва ҳамчун насли ояндасоз ба хотири ҳифзу таҳкими дастовардҳои он саъю талош намоянд. Э.Раҳмон

Назарпурсӣ

Агар кӯдак ба талбандагӣ машғул шавад, кӣ кунаҳкор аст?

girl boy

Омодакунандаи сомона DarAmal