Ба ифтихори Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон аз 29 май то 2 июни соли 2018 Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Шуъбаи ташкилоти байналмилалии “Ҳамсоягии нек” дар Тоҷикистон бо ҷалби зиёда аз 2000 нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ дар шаҳри Душанбе, ноҳияҳои Шаҳритус, Носири Хисрав ва Рашт чорабиниҳои таблиғотию ташвиқотӣ ва фарҳангиву маърифатӣ анҷом доданд.
Дар ҳамаи чорабиниҳои номбаршуда сараввал роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии дахлдор ва ташкилоти “Ҳамсоягии неки байналмилалӣ” суханронӣ намуда, кӯдаконро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон муборакбод намуданд.
Дар навбати худ Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва кормандони ӯ низ кӯдаконро муборакбод намуда, барои онҳо бо истифода аз слайдҳои диққатҷалбкунанда викторинаи шавқовари “Ҳуқуқҳои худро муҳофизат намо”-ро барпо намуданд. Ғолибони викторина, инчунин дигар иштирокчиёни бозии шавқовар бо туҳфаҳои хотиравии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ташкилоти байналмилалии “Ҳамсоягии нек” мукофотонида шуданд.
Бо ибтикори ташкилоти “Ҳамсоягии неки байналмилалӣ” дар назди кӯдакони шаҳри Душанбе Театр-студияи “Хандинкамон”, дар назди кӯдакони ноҳияҳои Шаҳритусу Носири Хисрав гурӯҳи сайёри муассисаи давлатии “Сирки тоҷик” ва дар ноҳияи Рашт кӯдакон дар ҳар гуна озмунҳои эҷодӣ, расмкашӣ ва сурудхонӣ, ҳамунин чорабиниҳои варзишӣ ишитрок ва бо саҳначаҳои ҷолиб баромад намуданд.
Дар ҳамаи минтақаҳо кӯдакон низ ба чорабиниҳои идона бо тайёрии хуб ҳозир шуда, маҳорати сарояндагиву раққосии худро бо либосҳои идонаи миллӣ пешниҳод намуданд.
Чорабиниҳои баргузоршуда барои кӯдакон шавқовар ва хотирмон ҷараён гирифта, дар воситаҳои ахбори оммаи маҳаллӣ ва ҷумҳуриявӣ инъикос шуданд.