Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Р.Ҳабибулозода рўзи 1-июни соли 2018 аз «Муассисаи давлатии таълимии “Литсейи касбии техникии махсуси шаҳри Душанбе”-и назди Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздид ба амал овард.
Дар муассиса бахшида ба ҷашни мазкур чорабинии идона баргузор гардид.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак сараввал кӯдакон ва омӯзгоронро бо Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон табрик намуда, баъдан дар бораи ғамхориҳои давлату ҳукумат бобати таъмини ҳаёти арзанда ба кӯдакон ва таъмини риояи ҳуқуқҳои онҳо суханронӣ намуд.
Ҳамзамон Ваколатдор аз шароити таълиму тарбия дар муассиса аз наздик шинос шуда, бо кӯдакон сӯҳбати алоҳида доир намуд. Зимни сӯҳбат дар бораи ҳуқуқҳои онҳо ва тартиби муроҷиат ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак маълумот дода шуд.
Дар охир Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кўдак ба роҳбарият ва кормандони муассиса барои ғамхорӣ нисбати кўдакон изҳори миннатдорӣ баён намуд.